Пайвандҳои дастрасӣ

Дар атрофи исми инсон


Чин ном меҷӯяд

Ахиран, ҳукумати Чин хоҳони афзудани шумори номҳои хонаводагии шаҳрвандонаш шудааст. Муҳаррики ин хоҳиш ангуштшумор будани номҳои хонаводагӣ барои аҳолии қариб якуниммиллиарднафараи ин кишвар будааст.

Як пажӯҳиши расмӣ дар баҳори имсол муайян карда буд, ки дар саросари Чин 1601 номи хонаводагӣ мавриди истифода қарор дораду ба 85 дарсади чиноиҳо ҳамагӣ 100 (сад!) номи хонаводагӣ рост меояд. Дар Чин 93 миллион Ван, 92 миллион Ли ва 87 миллион Чжан мезистаанд. Ёбу гир.


Маориву мапучеи маъруфтар аз тоҷикӣ

Аммо ин матлаб на дар бораи номҳои хонаводагӣ, балки дар бораи танхо ном, ба истилоҳи англисӣ номи аввал хоҳад буд. Рӯзе пеш аз бекорӣ интернетхорӣ гӯён дар тори ҷаҳонӣ хостам номҳои зебову нодиру шириннаво ва гӯшнавозро биҷӯям. Як сомонаро дидам, ки махсуси исмҳо тарҳрезӣ гардида буд, номҳои ширини шарқии зиёде дошт, аз ҷумла, бахшҳои вижаи исмҳои афғониву арабӣ, мисриву ҳиндӣ, форсиву порсиву иронӣ, панҷобӣ, туркӣ, мусалмонӣ дошт, ва аммо тоҷикӣ мутаассифона на.

Номҳои маъруфтарини миллатҳову қавмиятҳои ба назар экзотикие назири мандарину манкс, маори ва мапуче, ки исмашонро эҳтимолан бархе аз хонандагони ин матлаб мисли нависандаи ин сатрҳо бори аввал шунидаанд, низ вуҷуд доштанд, аммо тоҷикӣ на, ки на.

Фикр намекунам, ки гуноҳи ин сомонаи амрикоӣ бошад, шояд иллаташ дар каммаъруфӣ ва камэътибории ин миллати бузурги ориёинажоди мост.

Ва аммо сомонаи БейбиНеймзУорлд дар баробари гирдоварии теъдоди бузурги исмҳо, боз маъноҳои он исм, пайдоиш ва мансубияти диниву забониву қавмӣ ва мизони маъруфияти он исмро низ ба қадри ҳол ҷамъ овардааст.


Қадри Ёқуб дар Амрико ва беқадрии Ёқуб дар Тоҷикистон ва назираҳои Назира

Як бахши сомона ба номҳои маъмултарин дар Амрико бахшида шудааст. Воқеан, як нуқтаи ҷолиби чашмрас он аст, ки дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон раванди коҳиши маъруфияти номҳои динӣ (арабӣ) мушоҳида мешавад, дар Амрико номҳои таърихан мансубияти динӣ дошта ҳамоно мӯд будаанд.

Бино бар он навиштае, ки дар ин сомона мехонем, дар соли 2006 атфоли зиёде дар Амрико Ёқубу Яҳё ва Худодод номгузорӣ шудаанд. Албатта, на ба ин вариант. Ба ҳар ҳол, ки аз як решаи диниву қавмиянд. Ҳамин гуна, соли гузашта қариб 25.000 писарча дар Амрико Jacob (ба шарафи паёмбар Ёқуб, падари Юсуф) ном гирифтаанд. Сомонаи ИсмҳоиАтфолиҶаҳон бо овардани маъно ва мансубиятҳои ин исм, ҳамчунин вариантҳои он дар дигар забонҳоро низ овардааст, ҳамон гуна, ки Агоп, Акева, Чаго, Чеча, Коби, Гиякобе, Ҳагоп, Лаго, Лагопе, Ягуп, Яаап, Якоба. Тавре дидем, вариати арабии он, ки тоҷикон низ қабул кардаанд, дар ин феҳрас нест.

Ва аммо Майкл (Мишел, Михаил, Микоил) ва Ҷошуа (Яҳё) аз номҳои дигари сегонаи маъруфтарини амрикоии соли гузашта будаанд. Воқеан, дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон исми Худододро дигар тақрибан касе ба фарзандаш намегузорад, дар Амрико варианти англисии ин исм, Мэттю (ҳадяи Худо) хеле маъруф будааст.

Духтарчаҳакҳои амрикоӣ дар соли гузашта бештар соҳиби исми Эмилӣ гашта будаанд. Эмилӣ аз лотинӣ дар баробари Назираву Шабиҳа тарҷума шуданаш маъноҳои ҳамовард, рақиб, ҳариф ҳам доштааст.
Эмма, Мэдисон ва Изабелла аз номҳои дигари маъруф дар Амрико будаанд.


Рустаму Сиёвуш алайҳи Абдулкариму Абдураҳим?

Дар Тоҷикистон раванди маъруфият касб кардани исмҳои соф форсӣ густариш пайдо кардааст. Аз як ҷониб, волидон намехоҳанд, ки фарзандашон Табару Тешаву Бақлашка (ин шӯхӣ моли Холмурод Сиддиқов аз Лаҳзаҳои Гуворост) ва Чоршанбеву Ҷумъаву Шафтолуву Зардолу, Гургу Паланг бошанд. Аз ҷониби дигар, теъдоди волидоне кам шудааст, ки мехоста бошанд, фарзандонашон бандаи (Абд) Оне, ки ба боварашон Офаридгорашон аст, бошанд ва ё Фазли Дин бошанд ва ё Азизи Аллоҳ.

Ва аммо дар як сӯҳбате як ҷавонмардро шунида будам, ки исми писарашро аз Рустам ба Абдулкарим, ба андешааш аз ғайриисломӣ ба исломӣ иваз карда буд.

Дар Тоҷикистони имрӯз то андозае исмҳои ғайриоддии Тангему Жасмину Роналдо ҳам ҳастанд, аммо ҳамон андоза нодиранд, ки ҳамон андоза ғайриоддиянд. Дар ин бора дар нашрияи чопи Душанбе бо номи ғайриоддиву нодири Фараж хонда будам.

Бояд инро таъкид кард, ки меъёри аслии интихоби ном кӯтоҳиву осонӣ ва шириниву нодирии он будааст то ин ки андешаҳои забониву милливу фарҳангиву мазҳабӣ. Аз ин бармеояд, ки Томирисро ба хотири нодир буданаш интихоб мекунанд, ва коҳиши маъруфияти номҳои исломӣ-арабиро низ сабаби аслӣ ҳамин будааст.


Қиссаи Принсессаи яҳудӣ

Баргардем сари он сомона. На Ҳумоюнро ёфтам, ки маънояш ва мансубиятҳояш бубинам, на Шаҳриёрро ва на исми мубораки аслиямро. Аммо як исми хеле ҳам зебои духтаронаро, ки бо С. оғоз мешавад, ёфтам. Ҳамеша С.-ро Принcесса мегуфтам, аҷобат он ки маънояш дар ҳақиқат Принсесса будааст, аммо он ки фикр мекардам, исми итолиёвист, иштибоҳ будааст. Исми яҳудӣ будааст.

Касе дар Тоҷикистонро намедонам, ки исми С. дошта бошад, аммо як толори ҳусн дар маркази Душанбе ин номро дорад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG