Пайвандҳои дастрасӣ

Додгоҳ "парвандаи ҳиҷоб"-ро баст


«Бо ин ки дар мурофиаи гузаштаи 9-уми июл додвар Раҳматов бо ман муносибати ғайриинтизор дошт, дағалӣ кард, ман дигар имрӯз медонистам, ки ин мурофиа бар суди мо анҷом намеёбад. Ва аммо он қарсаке, ки намояндагони Донишкада пас аз эъломи ҳукм карданд, маънои онро надорад, ки Донишкада ва вазорати маориф пирӯз шудааст, балки инро бурди худ мешуморам. Ин ҳукмро ғайриқонунӣ ва ғайримунсифона меҳисобам, бояд як додваре дар мурофиаи мо таъин мешуд, ки одилона ва мустақилона масъаларо баррасӣ кунад. Охир дар паси онҳо ҳукумат истодааст.»

Давлатмоҳ Исмоилова инчунин мегӯяд, бо вуҷуди рад шудани даъвояш дар додгоҳ, ӯ талош ба он хоҳад кард, ки дар додгоҳи таҷдиди назар ба лағв намудани фармони вазири маориф дар бораи сару либоси ягонаи донишҷӯӣ ва манъи пӯшиши ҳиҷоб муваффақ шавад. Раёсати Донишкадаи давлатии забонҳо, ки Давлатмоҳ муҳассили ин мактаби олист, бо такя ба ин фармони вазорати маориф сар аз 6-уми апрел то 2-юми майи соли ҷорӣ иҷоза надодааст, то Давлатмоҳ бо ҳиҷоб ба дарсҳо ҳозир шавад. Аз ин рӯ Давлатмоҳ ҳамзамон амалҳои раёсати Донишкадаи забонҳоро низ муғойир ба қонун дониста, аз додгоҳ тақозои муҷозоти масъулини Донишкадаро низ кардааст.

Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе танҳо бо гузашти ду моҳ аз расидани аризаи шикоятии донишҷӯ Давлатмоҳ Исмоилова алайҳи қарори Вазорати маориф ва раёсати Донишкадаи забонҳои Тоҷикистон, мурофиаи додгоҳиро баргузор кард.

Аммо қозии мурофиа Абдулло Раҳматов ҳатто пас аз анҷоми муҳокимаи додгоҳӣ низ ҳозир нашуд бо расонаҳои хабарӣ сӯҳбат кунад. Ва аммо ҳозирони мурофиа бо шумули вакили мудофеъ Шӯҳрат Қудратов мегӯянд, онҳо дақиқан нафаҳмиданд, ки додрас Раҳматов ба чӣ далели шайъӣ даъвои Давлатмоҳ Исмоиловаро рад кардааст. Шӯҳрат Қудратов:

«Қозӣ Раҳматов гуфт, ки аризаи мо бар хилофи банди 10-уми Конститутсия мебошад ва гӯиё мо маънои ин банди қонуни асосиро дуруст сарфаҳм нарафта, онро дар аризаи даъвогии худ ишора кардам ва бо ин баҳона аризаи даъвогии мо рад карда шуд. Аммо ман ҳисоб мекунам, ки додрас Раҳматов пурра ғонуни мурофиаи шаҳрвандиро комилан пурра вайрон карда, худи мурофиа, тафтишоти додгоҳиро пурра ба анҷом нарасонида, ҳалномаи худро баровард. Вақте ки тарафҳои ҷавобгару ҳамҷавобгар ун маводу маълумоташонро ба қозӣ доданд, ӯ бояд дар мадди аввал ин ҳуҷҷатҳоро ба мо шинос мекард. Мо ҳоло ҳеҷ тасаввуроте надорем, ки намояндагони Вазорати маориф ва Донишкадаи давлатии забонҳои Тоҷикистон чӣ аснодеро ба додрас пешниҳод карданд. Мо пурра бовар дорем, ки ин ҳалномаи додгоҳӣ ғайриқонунист».

Ва аммо Қурбон Қурбонов, намояндаи вазорати маориф ва Хуршед Зиёев, ноиби раиси Донишкадаи забонҳо, ки дар мурофиа ба ҳайси ҷавобгар ширкат доштанд, аз сӯҳбат бо хабарнигорон парҳез карданд ва дар мурофиаи имрӯза низ аз онҳо чизе пурсида нашуд. Хуршед Зиёев, ноиби раиси Донишкадаи забонҳо танҳо ҳамин қадар гуфт, ки ҳафтаи оянда барои расонаҳо нишасти матбуотӣ доир мекунад ва ба суоли онҳо посух хоҳад дод.

Ин дар ҳолест, ки вазири маорифи Тоҷикистон Абдуҷаббор Раҳмонов дар як нишасти матбуотӣ дубора таъкид кард, пӯшиши ҳиҷоб дар макотиби оливу ҳамагонӣ мамнӯъ аст ва ин ки донишҷӯ Давлатмоҳ Исмоилова мухолифати худ ба ин тасмими вазоратро то ба додгоҳ кашидааст, як хислати сиёсӣ дорад ва инро иддае ҳизбҳои сиёсӣ бар манофеъи худ истифода мекунанд. Фарҳод Раҳимов, муовини аввали вазири маориф дар шарҳи баёнияи вазир гуфт:

«Албатта духтаре, ки ба додгоҳ муроҷиат кардааст, худаш ҳам гуфтааст, ки масалан адвокаташро аз тарафи кӣ гирифтааст, чӣ кор кардааст, ин албатта як масъалаи сиёсӣ аст».

Дар воқеъ вакили мудофеъи Давлатмоҳ Исмоилова -- Шӯҳрат Қудратов, раиси созмони ҷавонони Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон ва мушовири дигари ҳуқуқиаш - Холмуҳаммад Асозода, мудири шӯъбаи ҳуқуқи Ҳизби Наҳзати исломист. Худи хонум Давлатмоҳ иқрор кард, ки вакили мудофеашро мустақилона интихоб кардааст ва қаблан намедонист, ки адвокат Шӯҳрат Қудратов узви Ҳизби сотсиал-демократ аст. Вай афзуд, ҳеҷ гурӯҳе, аз ҷумла созмонҳои сиёсие ӯро барои муроҷиат ба додгоҳ таҳрик надодааст. Ва аммо аз Холмуҳаммад Асозода мепурсам, ки масъулини вазорати маориф бо ин ки ин қазияро «сиёсӣ» номиданд, чӣ мехостанд бигӯянд? Холмуҳаммад Асозода:

«Дар сурате ки муроҷиати хонум Фотима ё худ Давлатмоҳ ба ҳизбҳои сиёсӣ низ буд ва ҳам банда ва ҳам ҷониби вакили мудофеъи ӯ чун аъзои ҳизбҳои сиёсием, шояд назари вазири маориф ин буд, ки ин як масъалаи сохташуда аз ҷониби ҳизбҳои сиёсӣ аст. Аммо мо ин иддаоро рад мекунем. Аввалан худи Давлатмоҳ Исмоилова узви Ҳизби ҳокими халқии демократист. Баъдан қазияи мазкур ҳеҷ ба манфиати ҳизбҳои сиёсӣ нахоҳад буд, балки ин як иқдомест барои дифоъ аз ҳуқуқи як шаҳрванди Тоҷикистон».

Дар ҳоле ки Вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯяд, сар аз соли нави таҳсил, яъне 1-уми сентябри имсол Барномаи сарулибоси ягонаи донишҷӯӣ ва манъи пӯшиши ҳиҷоб мавриди амал қарор мегирад, Давлатмоҳ Исмоилова ва вакили мудофеъи ӯ мегӯянд, дар додгоҳи таҷдиди назар хостори лағви фармони вазорати маориф оид ба манъи ҳиҷоб хоҳанд шуд.

Вале нахустин мурофиаи додгоҳии як шаҳрванд алайҳи як вазорати Тоҷикистон, ки барои бори аввал дар таърихи ин кишвар сурат гирифтааст, на бар нафъи шаҳрванди қаторӣ анҷом ёфт.
XS
SM
MD
LG