Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Радди даъвои донишҷӯи ҳиҷобпӯш аз сӯи додгоҳ


Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе даъвои як донишҷӯи ҳиҷобпӯшро, ки аз болои Вазорати маориф ва Донишкадаи забонҳо шикоят бурда буд, рад кард.




Давлатмоҳ Исмоилова, донишҷӯи Донишкадаи забонҳои Душанбе, дар ду моҳи қабл зимни муроҷиат ба додгоҳ даъво карда буд, ки фармони вазири маориф дар мавриди манъи пӯшидани ҳиҷоб дар донишгоҳ хилофи Қонуни асосӣ аст ва ҳуқуқҳои ӯро нақз мекунад.




Додгоҳ тасмими вазири маорифро дар мавриди манъи пӯшиши исломӣ дар донишгоҳ хилофи қонун надониста, аризаи донишҷӯдухтари ҳиҷобпӯшро ба далели риоят нашудани усули пешниҳоди даъво ва нокифоятӣ рад кардааст. Хонум Исмоилова мегӯяд, ки аз қарори додгоҳ розӣ нест ва даъвои худро дар додгоҳи болотар идома хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG