Пайвандҳои дастрасӣ

Мушкилоти асосии иқтисодиёти Тоҷикистон


"Экономист Интеллиҷенс Юнит" мегӯяд, ки фосилаи амиқе миёни иқтисодҳои пешрафткунанда ва тамоюлҳои изтиробангези сиёсӣ дар кишварҳои Аврупои Шарқӣ ва ҳамчунин мамолики шӯравии собиқ зоҳир шудааст.
Дар ин 28 кишвари дар ҳоли гузариш ба гуфтаи "Экономист Интеллиҷенс Юнит" соли 2006 тавлидоти нохолиси миллӣ ба дараҷаи рекордии 7,1 дар сад расидааст ва фаъолиятҳои иқтисодии онҳо дар нимаи соли равон низ бисёр қавӣ будааст.

Аз ҷумла "Экономист Интеллиҷенс Юнит" менависад, ки тавлидоти нохолиси миллии Тоҷикистон соли гузашта 7 дар садро ташкил дода ва дар шаш моҳи соли равон ба 7,4 % расидааст. Аммо баракси пешрафтҳои иқтисодӣ, дар умури сиёсии кишварҳои минтақа тамоюлҳои нигаронкунанда мушоҳида мешаванд, ки нишонаҳои заъфҳои сиёсии кишварҳои шарқи Аврупо, муносиботи сиёсии бади Русияву Ғарб, тамаркузи қудрат дар дасти давлатҳои худкомаи баъзе аз кишварҳои шӯравӣ ва бӯҳронҳои сиёсии дохилии ҳалношуда ба мисли бӯҳрони сиёсии Укроин гӯяндаи он тамоюлҳои ташвишовар аст.

Агарчӣ то кунун ин тамоюлҳо дар маҷмӯъ ба иқтисодҳои кишварҳо осеб нарасонидаанд, аммо мегӯяд Лаза Кекич намояндаи "Экономист Интеллиҷенс Юнит" фосилаи тамоюлҳои сиёсиву иқтисодӣ наметавон доимӣ бимонад ва хатари онки сиёсатҳои бад иқтисодҳои хубро дарҳам мешиканад вуҷуд дорад. "Экономист Интеллиҷенс Юнит" мегӯяд, ки баъди пайвастани кишварҳои Аврупои Марказӣ ба Иттиҳодияи Аврупо шукуфоии иқтисодии онҳо идома кард, вале ҳукуматҳои онҳо ҳоло заъиф шуда ва мардум дар давраи гузариш аз онҳо ноумед шуда ва орзуи бозгашти давраи пешинро мекунанд.

Дар робита ба танишҳои сиёсии Русияву кишварҳои Ғарбӣ "Экономист Интелиҷенс Юнит" ба ин натиҷа расидааст, ки агарчӣ ҳоло бо вуҷуди танишҳо тиҷорат миёни Русияву кишварҳои Ғарбӣ авҷ мегирад, вале дар ниҳоят сиёсатҳои бад метавонад, ба тиҷорати миёни дуҷониб садама занад. Гузашта аз ин танишҳо метавонанд, сабаби афзудани буҷаи низомии Русия шаванд ва ҳаминг уна бахшҳои беҳдошт, маориф ва зербунёдҳоро, ки ташнаи сармоягузориҳо ҳастанд, аз сармоя маҳрум кунанд.
XS
SM
MD
LG