Пайвандҳои дастрасӣ

Зилзила Душанберо ба хок яксон мекунад


Сӯҳбати Тоҳири Сафар Шаҳри Душанбе, ки дар минтақаи зилзилахези Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, ба зудӣ ҳамоиши илмиеро мизбонӣ мекунад, ки дар он масъалаи коҳиши хатароти заминларза дар пойтахтҳои Осиёи Марказӣ баррасӣ мешавад. Ин ҳамоиш ҳафтаи оянда, рӯзҳои 19 ва 20-уми июл баргузор мешавад ва дар он пажӯҳишгарону мақомоти расмии чаҳор кишвари минтақа ба ҷуз аз Туркманистон ширкат хоҳанд кард. Гулсара Пулодова мушовири аршади Барномаи Созмони Милал доир ба кам кардани фалокатҳои табиӣ дар гуфтугуи ихтисосӣ бо Радиои Озодӣ ҳадафҳои дигари ҳамоишро чунин шарҳ дод.

"Яке аз аҳдофи аслӣ кам кардани хатароти сеймсмикии маҳдудаҳои шаҳрӣ дар намунаҳои пойтахтҳо аст. Пойтахтҳои ҳар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ дар минтақаҳои зилзилахез ҷойгир шудаанд. Муайян шудааст, ки тамоми пойтахтҳои минтақа ба хатари заминларзаи зудрасе рӯ ба рӯ ҳастанд, чунки давраи такрори заминларза дар Осиёи Марказӣ аз 80 то 130 солро ташкил медиҳад. Масалан дар Тоҷикистон заминларзаи ахир соли 1907 дар Қаратоғ рух дода буд, яъне аз замони вуқӯъи он сад сол пур шуд. Ин бад он маънист, ки заминларза метавонад ҳар замоне Душанберо такон диҳад ва ҳамин хатар ба шаҳри Алмаато низ таҳдид мекунад."

Ҳатман, ки ҳадаф аз конфронси минтақавӣ дар Душанбе тарсонидани сокинони пойтахтҳои Осиёи Марказӣ нест?

"На, мақсади мо тарсонидани аҳолӣ нест, балки ҳадафи мо санҷидани вазъи манзилҳои истиқоматӣ ва муассисаҳои иҷтимоӣ, ба мисли мактабу бемористонҳост, ки дар чӣ ҳоланд ва дар сурати вуқӯъи заминларза бо онҳо чӣ хоҳад шуд.
Тавре медонем, пас аз ҷанги шаҳрвандӣ дар Тоҷикистон хонаҳои Душанбе гарм карда намешуд ва ҳолаташон бад шудааст. Гузашта аз ин баъзе аз сокинони пойтахт меъёрҳои манзилсозиро риоят намекунанд. Панҷараҳоро ба дар табдил медиҳанд, сауна, ё ҳавзи оббозӣ месозанд, ки ҳамаи ин ба ҳолати манзилҳо таъсири манфӣ мегузорад. Аз ин аст, ки вазъи бисёре аз манзилҳои истиқоматӣ дар Душанбе бад шудааст ва барои арзёбии ҳолати онҳо дар солҳои ахир коре ҳам анҷом нагирифтааст. Аз ин хотир бояд ҳолати биноҳо аз нав санҷида шавад ва бо ин ҳадаф дар Душанбе барномаи наверо як созмони ғайридавлатии PMP International бо кӯмаки Кумиссиёни Аврупо ва Барномаи Рушди Созмони Милал иҷро хоҳад кард ва он лоиҳа дар конфронси минтақавӣ муаррифӣ хоҳад шуд."


Аммо манзилҳои нав дар пойтахти Тоҷикистон то кадом андоза бо назардошти меъёрҳои сейсмикӣ ва ё тобоварӣ ба заминларза бунёд шудаанд?

"Агарчӣ ман дар ин соҳа мутахассис нестам, аммо медонам, ки баъзеашон бо риояти меъёрҳои сейсмикӣ сохта шудаанд, баъзеашон не, чаро ки ҳоло чун пештара назорати қатъӣ дар ин масъала дида намешавад.
Инҷо ки сохтмони манзилҳои нав камтар аст ва аслан хонаҳои хусусӣ сохта мешаванд, аз ин ҷиҳат баъзе афрод бо тавсияи мутахассисон хона сохтаанд, баъзеи дигар не. Барои ҳамин мушкил аст дар ин замина чизе гуфтан. Зимнан бар асоси лоиҳае, ки иҷро мешавад, мизони тобоварии биноҳои Душанбе, ки дар мавзеъҳои мухталиф бунёд шудаанд, санҷида хоҳад шуд. Чунки тобоварии биноҳои мавзеъҳои мухталиф ба заминларза ҳангоми вуқӯъи он гуногун аст."


Аммо Xудо накарда масалан дар Душанбе заминларзаи нерӯманде ба вуқӯъ пайвандад, чӣ харобиҳое дар пай хоҳад дошт?

"Агар дар ин ҷо заминларзаи бисёр қавӣ сурат бигирад, шояд 50 дар сади манзилҳо дар Душанбе вайрон шавад ва мутахассисон ҳисоб кардаанд, ки то 200 ҳазор нафар қурбон мешавад. Гузашта аз ин заминларза дар маҳаллаҳои шарқи Душанбе лағшиши кӯҳ ва селро низ дар пай дошта метавонад. Манзурам аз заминларзаи қавӣ заминларзаи 7, 5 дараҷаӣ аз рӯи ҷадвали Рихтер аст, чун шаҳри Душанбе дар минтақаи заминларзаи то 9 дараҷаӣ қарор дорад. Ба ҳамин хотир бояд фавран ҳолати биноҳои истиқоматии Душанбе санҷида шаванд, то ки ҳукумати шаҳр ва ҳукумати Тоҷикистон тавонанд аз ҳоло чораҳое биандешанд."
XS
SM
MD
LG