Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Боздошти 15 узви гурӯҳи Маҳмуд Худойбердиев


Бино бар ахбори баъзе манобеъ, кормандони Кумитаи амнияти миллии Тоҷикистон дар марзи ин кишвар бо Узбакистон гурӯҳи 15 нафараи сарҳанги шӯришӣ Маҳмуд Худойбердиевро боздошт кардаанд.


Ва аммо намояндаи дафтари матбуоти Кумитаи амнияти миллӣ ин хабарро таъйид ё такзиб накард. Ӯ гуфт, ҳанӯз иттилоъи расмӣ рӯи даст надоранд.


Аммо баъзе манобеъи ғайрирасмӣ гуфтанд, ки 15 нафари боздоштшуда аъзои гурӯҳи яке аз командирони М. Худойбердиев - Субҳон Мирзоев мебошанд. Яке аз наздикони боздоштшудаҳо дар ин робита гуфт, феълан, ин афрод дар боздоштгоҳи муваққати Кумитаи амният нигаҳдорӣ мешаванд. Иддае аз мусоҳибони мо аз мақомоти интизомӣ, ки нахостанд исмашон ифшо ва садояшон сабт шавад, гуфтанд, ки гӯё ин афродро ҷониби Узбакистон на боздошт ё истирдод, балки ихроҷ кардааст.


Гуфта мешавад, ки Субҳон Мирзоев, собиқ сардори бахши умури дохилаи ноҳияи Ҳисор, бо фирори Маҳмуд Худойбердиев дар соли 1996 ҳамроҳи ӯ Тоҷикистонро тарк карда буд. Бино бар иттилоъи Додситонии кулли Тоҷикистон ин ниҳод борҳо аз Тошканд тақозои боздошт ва истирдоди Маҳмуд Худойбердиев ва ҳамроҳонашро кардааст, аммо посухи рад гирифтааст.
XS
SM
MD
LG