Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нақли 957 млн доллар аз Русия ба Тоҷикистон


Бонки марказии Русия мегӯяд, дар соли 2006 аз Русия ба Тоҷикистон 957 миллион доллар интиқол дода шудааст. Ба гузориши ин манбаъ аз лиҳози интиқоли маблағ аз Русия Тоҷикистон дар байни кишварҳои муштаракулманофеъ дар ҷои дуюм қарор дорад.



Ҷои аввалро дар интиқоли сармоя аз Русия Узбакистон ишғол кардааст. Дар соли гузашта аз Русия ба Узбакистон 1 миллиард доллар сармоя интиқол дода шудааст. Дар ҷои сеюм Украина бо 927 миллион доллар ва чорум Молдова бо 525 миллион доллар қарор доранд. Ҷойҳои баъдиро Арманистон, Қазоқистон ва кишварҳои дигари ҷомеаи ҳамсуд ишғол кардаанд.
XS
SM
MD
LG