Пайвандҳои дастрасӣ

Амрико дар аввал, Эрон дар охир


Маҷаллаҳои маъруфи "Экономист" ва Паймони ҷаҳонии нармафзории соҳибкорӣ бо нашри як гузориши нав гуфтаанд, танҳо 64 кишвари ҷаҳон талош доранд, то соҳаи фанновариҳои иттилоотиро равнақ диҳанд.


Аз кишварҳои ба Тоҷикистон наздик танҳо Озарбойҷон ва Қазоқистон ба ин номгӯй роҳ ёфтаанд ва он ҳам бо баҳои начандон баланд. Ва аммо мақомҳои нахусти ин феҳристро Амрико ва Ҷопон гирифтаанд. Ду ҷои охир насиби Нигерия ва Эрон шудааст.


Ноширони ин гузориш гуфтаанд, фанновариҳои иттилоотӣ асоси пешрафти ҳар кишвар дар қарни 21 аст ва машварат додаанд, он кишварҳое, ки шомили ин рӯйхат нагардидаанд, бояд сари ин мавзӯъ бияндешанд.
XS
SM
MD
LG