Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Таҳияи феҳристи нахустини корхонаҳои содиротии Тоҷикистон


Барои нахустин бор дар Тоҷикистон як феҳристи роҳнамо ва ё директорияи корхонаҳои содиротии кишвар таҳия гардид ва ҳамзамон сомонаи интернетии он (www.exportdir.tj) ба роҳ андохта шуд. Ин феҳристи роҳнамо дар баробари он ки дар як сомонаи вижа бо забонҳои англисӣ ва русӣ дастрас аст, ҳамчунин дар шакли китоби алоҳида ва навори CD нашр хоҳад шуд.


Феҳристи корхонаҳои содиротӣ ҳам аз рӯи тартиби алифбо, ҳам аз рӯи тартиби самтҳои фаъолият ва ҳам тибқи анвоъи маҳсулоти корхонаҳо мураттаб гардидааст. Профессор Азизулло Авезов, роҳбари ширкати таҳиягари феҳраст мавсум ба «Бизнес Консалтинг» ба Озодӣ гуфт, корхонаҳое, ки вориди феҳрист гардидаанд, дар асоси дастовардҳояшон дар самти содироти маҳсулот ба кишварҳои хориҷӣ ва имконоту иқтидори содиротияшон интихоб шудаанд. Ин корхонаҳо вобаста ба навъи истеҳсолоташон ба ҳашт бахши бузург гурӯҳбандӣ гардида, дар бораи ҳар яке аз онҳо иттилоъи лозимӣ дода шуда аст. Феҳристи роҳнамо инчунин маълумотномаҳои вижаеро дар бораи Тоҷикистон ва соҳаҳои мухталифи иқтисоди миллӣ дар бар мегирад.


Феҳристи роҳнамои корхонаҳои содиротии Тоҷикистон дар чаҳорчӯбаи барномаи «Пешбурди тиҷорат дар Тоҷикистон» (Маркази байналмилалии тиҷорат) таҳия гардидааст. Саидмӯъмин Камолов, раҳбари дафтари Маркази байналмилалии тиҷорат дар Тоҷикистон ба Озодӣ гуфт, ин феҳрист, ба ибораи дигар муаррифиномаи корхонаҳои содиротии Тоҷикистон ва имконоти кишвар дар самти содирот буда василаи хубе барои ҷалби бештари сармоягузорони хориҷӣ ба иқтисоди Тоҷикистон мебошад.
XS
SM
MD
LG