Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

СММ: ҳар дақиқа як модар мефавтад


Сабаби ин қабл аз ҳама, аз нигоҳи мутахассисон, дастрасӣ надоштани модарон ба хидмати шоистаи тиббист. Дар гузориш омадааст, бори масъулияти ин вазъ бар дӯши мардон аст – агар онҳо хизмати муносиби тиббӣ барои занҳоро таъмин мекарданд ва агар духтарҳои худро барои никоҳи барвақтӣ маҷбур намекарданд ва аз ташкили хонаводаҳои бузург пуштибонӣ намекарданд, шояд вазъ то ин сатҳ боиси нигаронӣ намебуд. Ҳадаф аз маъракаи Созмони милали Муттаҳид – ҷалби таваҷҷуҳи мардон ба ин мушкил ва саҳми онҳо дар сиҳати модар ва тифл аст.
Лайло Айланак – корманди Бунёди аҳли башари Созмони милал мегӯяд, бояд аз ҳама чораҳо кор гирифт то касе, ки ҷон мебахшад аз ҷони худ маҳрум нашавад: "Андаке пешрафт ба назар мерасад ва алҳол на бештар аз ним миллион занҳо ҳамасола бар асари ҳомиладорӣ дармегузаранд ва ҳамин тариқ ҳадафҳои барробарҳуқуқии занон ва коҳиши фақр аз ҳамдигар тафовут доранд. Ҳар рӯз ҳазору 440 зан замони ҳомиладорӣ ва ҳар дақиқа як зан ҳангоми таваллуди тифл мемиранд. Ва ҳар зане, ки аз олам дармегузарад, боз ба 20 мушкили ҷиддии саломатӣ мувоҷеҳ аст".

Дар ҳамин ҳол, ба иттилоъи International Data Base ваё Маркази байнулмилалии ҷамъоварӣ ва нигаҳдории иттилоъ, мизони таваллуд дар Тоҷикистон дар соли 2005 27 тифл аз ҳазор сокини кишварро ташкил медод ва аммо ин нишондод дар оянда коҳиш хоҳад ёфт - соли 2025 ҳамагӣ миёни ҳазор сокини кишвар фақат 19 тифли навзод хоҳанд буд. Сатҳи маргу мири аҳолӣ дар ин давра қариб, ки бетағйир мемонад. Ва аммо, тибқи пешгӯии ин шабака, маргу мири атфол коҳиш меёбад – агар соли 2005 аз ҳазор тифли навзод 46 нафар аз олам даргузашта бошанд, соли 2025 аз ҳазор тифл ҳамагӣ 24 тифл дунёро падруд хоҳанд гуфт.
Маркази байнулмилалии ҷамъоварӣ ва нигаҳдории иттилоъ гузориш медиҳад, ки афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон шурӯъ аз солҳои 50 ум то солҳои 90 уми қарни гузашта чашмрас буд ва ҳамасола аз 3 то 3 ву ним дар садро ташкил медод. Ва аммо гуфта мешавад, ки суръати афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон тадриҷан кам шуда, соли 2050 ҳамагӣ сифру аз даҳ 8 дарсадро ташкил хоҳад дод ва шумораи аҳолии Тоҷикистон ба андаке бештар аз 12 миллион нафар мерасад.
Айни ҳол афзоиши аҳолии Тоҷикистон, тибқи омори Маркази байнулмилалии ҷамъоварӣ ва нигаҳдории иттилоъ, тақрибан ду садро ташкил медиҳад ва то соли 2010 шумораи сокинони Тоҷикистон 7 миллиону 487 ҳазор нафарро ташкил хоҳад дод. Ва аммо Мерган Шаҳбозов, раиси кумитаи давлатии омори Тоҷикистон қаблан дар як нишасти хабарӣ гуфта буд, интизор меравад, ки дар соли 2010 теъдоди сокинони кишвар ба 8 у ним миллион нафар бирасад. Ӯ ба он нукта ишора карда буд, ки суръати афзоиши аҳолӣ нисбат ба солиёни пешин коҳиш ёфтааст ва аммо ҳанӯз ҳам суръати афзоиши мардум аз пешгӯии мутахассисони бахши демографӣ бештар аст.
International Data Base ваё Маркази байнулмилалии ҷамъоварӣ ва нигаҳдории иттилоъ – як манбаъи омори демографӣ ва иҷтимоиву иқтисодӣ барои 228 кишвар ва минтақаи олам аст ва аз сӯи Маркази байнулмилалии Барномаҳои омор таъсис шудааст. Ин шабака дастрасии оҷил ба иттилоъи вижаи демографӣ дар бораи кишвари алоҳида ваё гурӯҳи кишварҳоро таъмин мекунад. Шабакаи байнулмилалии ҷамъоварии маълумот иттилоъро бар пояи манбаъҳои расмии кишварҳо, аз ҷумла, ба рӯйхатгирии аҳолӣ ва арзёбиҳои Маркази байнулмилалии Барномаҳои омор таҳия мекунад ва ин имкон медиҳад, ки иттилоъи демографӣ барои сад сол – аз соли 1950 то соли 2050 дастрас бошад. Ин шабака иттилоъро, аз ҷумла, дар бахшҳои теъдоди аҳолӣ, ҷинсияти онҳо, меъёрҳои зиндагӣ, маргу мири атфол ва танзими оила, таваллуд ва тули зиндагии мардум таҳия менамояд.
Ёдовар мешавем, ки Рӯзи байнулмилалии аҳли башар тибқи як қарори Маҷмаъи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар соли 1987 ва ба шарафи то ба 5 миллиард нафар расидани аҳолии Замин эълон шудааст.
XS
SM
MD
LG