Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

70%-и амрикоиҳо хостори хуруҷ аз Ироқанд


Дирӯз Ҷорҷ Буш бори дигар даъвати вакилони Маҷлиси намояндагон ва Сенат дар мавриди муқаррар кардани ҷадвали хуруҷи ботадриҷи низомиёни кишвар аз Ироқро рад кард. Зимни суханронӣ дар шаҳри Кливленди ёдлати Огаё Ҷорҷ Буш гуфт, ки ҳалли ин мавзӯъ вақти бештарро мехоҳад ва масоили марбут ба ҳузури низомиёни амрикоӣ дар Ироқ ва шумораи ин неруҳоро бояд фармондеҳони кишвар ҳал намоянд ва на сиёсатмадорон дар Вошингтон: "Ман чунин мешуморам, ки ба манфиати миллат аст агар ба фармондеҳон имкон диҳем, ки вазифаи худро комилан иҷро кунанд. Ва ман чунин мешуморам, то замоне, ки фармонеҳи неруҳои мо дар Ироқ генерал Девид Петрус баргашта арзёбии худ дар бораи стротегияи нави мо баён накунад, стротегияе, ки мехоҳад онро татбиқ созад, Конгресс бояд дар тасмимгирӣ аз шитобзадагӣ кор нагирад".

Ҳамзамон Ҷорҷ Буш ишора кард, ки шояд самти сиёсат дар мавриди ҳузури низомӣ дар Ироқро тағйир диҳад ва аммо мушахаас нагуфт, ки ин тағйири самт кай сурат мегирад. Ахиран Тони Сноу, сухангӯи Кохи Сафед изҳор кард, ки мавзӯъи хуруҷи неруҳо аз Ироқ аслан баррасӣ намешавад.

Аз ин пеш ҳам Ҷорҷ Буш тақозои қонунгузорони кишвар барои хуруҷи неруҳои кишвар аз Ироқро рад карда гуфта буд, ки берун рафтани низомиёни амрикоӣ боиси нооромии бештар дар Ироқ ва афзоиши неруву нуфузи гурӯҳҳои террористӣ дар минтақа хоҳад шуд. Кохи Сафед ҳамчунин мутмаин аст, ки хуруҷи неруҳо аз Ироқ чун бохти Амрико арзёбӣ хоҳад шуд ва ин зарбаи ҷонкоҳе хоҳад буд ба нуфузи Иёлоти Муттаҳида дар ҷомеъаи ҷаҳонӣ. Моҳи май Ҷорҷ Буш ба як қарори Конгресс, ки дар он шурӯъи хуруҷи неруоҳи амрикоӣ аз Ироқ тирамоҳи соли равон ва анҷоми ин раванд дар баҳори соли оянда муқаррар шуда буд, вето гузошт.

Ва аммо ба назар мерасад, қонунгузорони амрикоӣ аз талошҳо барои хуруҷи неруҳои кишвар аз Ироқ даст бардоштанӣ нестанд. Онҳо демократҳо баҳси ҷадид дар мавриди коҳиши теъдоди низомиёни амрикоӣ дар Ироқро шурӯъ карданд. Раиси Маҷлиси намояндагон Нэнси Пелосӣ изҳор кард, ки то охири ҳамин ҳафта мавзӯъи хуруҷи гурӯҳии ҷангии кишвар аз Ироқ то 1 апрели соли ояндаро ба овоздиҳӣ мегузорад. Дар изҳороте, ки ахиран пахш гардид, хонум Пелосӣ аз бадтар шудани вазъ дар Ироқ изҳори нигаронӣ карда гуфтааст, ки овоздиҳӣ дар Маҷлиси намояндагон ба Иёлоти Муттаҳида имкон медиҳад сиёсати худ дар Ироқро таҷдиди назар кунад. Дар санад омадаст, тарҳи қонуне барои овоздиҳӣ пешниҳод хоҳад шуд, ки баъд аз пазиуруфта шудани он Пентагон бояд тайи 120 рӯз хуруҷи неруҳо аз Ироқро анҷом диҳад.

Аз нигоҳи сенатори демократ Карл Левин, забти кишвари мусалмонӣ аз сӯи Ғарб ба манфиати созмони Ал Қоида буд ва Амрико бояд ба ин хотима диҳад. Ҷек Рид – дигар узви Сенат аз ҳизби демократ мегӯяд, соли оянда нигаҳ доштани неруи бузурги низомӣ дар Ироқ ғайримумкин хоҳад буд:

Баъд аз моҳи апрели баҳори оянда нигаҳ доштани 160 ҳазор неру дар кишвар тақрибан ғайримумкин мегардад. Дар ин ҳолат, ба истилоҳ коҳиши неруоҳи амрикоӣ зарур аст. Суол ин аст, ки ин оё ин боиси бебанду борӣ гардад. Ман фикр мекунам, ки на. Ман гумон мекунам, ки мо метавонем ин вазъро идора кунем.

Рӯзи сешанбе дар Иёлоти Муттаҳида натоиҷи назарпурсии мардум дар мавриди хуруҷи неруҳо аз Ироқ нашр шуд. Тибқи ин назарпурсӣ, ки хадамоти Гэллап ва нашрияи USA Today доир кардаанд, аз даҳ нафар амрикоиҳо 7 нафар хостори фарохонии низомиёни кишвар аз Ироқ то моҳи апрели соли 2008 ум шудаанд.
Ҳамзамон 55 дар сад изҳор кардаанд, ки Конгресс бояд гузориши генерал Девид Петреус дар бораи авзоъ дар Ироқро интизор шавад ва баъд аз он тасмим худро эълон намояд. Интизор меравад, фармондеҳи неруоҳи амрикоӣ дар Ироқ генерал Петреус миёнаҳои моҳи сентябр гузориши худ дар бораи натоиҷи стротегияи ҷадид оид ба Ироқро ба Конгресс ироа кунад.
XS
SM
MD
LG