Пайвандҳои дастрасӣ

Поёни амалиёт дар масҷиди Лаъл


Генерал Воҳид Аршад-сухангӯи артиши Покистон гуфт, имрӯз воҳидҳои низомии кишвар масҷиди Сурхро дар Исломобод аз вуҷуди тундравҳои исломӣ пок карданд. Генерал Воҳид Аршад гуфтааст, марҳалаи аввали шустушӯи маҳал ва поксозии он аз вуҷуди тундравҳо поён ёфтааст. Ба гуфтаи вай ҳоло нируҳо маҳалро аз минҳои боқимонда тасфия мекунанд. Дар давоми ду рузи ахири амалиёт 60 нафар кушта шуданд.

Дар ҳамин ҳол Ҳомид Карзай-раиси ҷумҳури Афғонистон гуфт, ки аз ин амлияёти нируҳои Покистон алайҳи тундравон дар масҷиди Сурх ҷонибдорӣ мекунад. Ӯ гуфт: " Мо аз ҳукумат ва мардуми Покистон дар муборизаи онҳо бар зидди терроризм комилан ҷонибдорӣ мекунем. Мо умедвор ҳастем, ки ин кор бо ҳамин гуна садоқат, ки дар Исломобод бар зидди террористҳо анҷом гирифт, идома меёбад. Онҳо марзи Покистонро убур мекарданд ва дар Афғонисон кудаконро мекуштанд".
XS
SM
MD
LG