Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Рӯзи ҷаҳонии аҳли башар


Таҷлили онро ҳар сол СММ ба яке аз масъалаҳои марбут ба аҳолӣ бастагӣ медиҳад. Имсол талош мешавад, дар ин рӯз ба саломатии модарон таваҷҷӯҳи хос дода шавад. СММ дар гузориши имсолааш мегӯяд, сари ҳар 1 дақиқа дар гӯшае аз ҷаҳон як модар ҳангоми таваллуди фарзанд аз ҷаҳон мегузарад, зеро ба хидмати муносиби тиббӣ дастрасӣ надорад.

Дар Тоҷикистони камбуди дорувор ва пизишкони кордон, ришваситонӣ дар зоишгоҳҳо ва сиёсати тибби пулакӣ сабаб шудаанд, ки занон аз хидмати тиббӣ даст кашанд ва дар хона таваллуд кунанд. Дар шароите, ки агар ҷон ба саломат баранд ҳам, ба ин ё он беморӣ гирифтор шуда метавонанд. СММ мегӯяд, суръати афзоиши аҳолӣ дар Тоҷикистон тадриҷан кам шуда, дар соли 2050 ҳамагӣ 0,8 %-ро ташкил хоҳад дод ва шумораи аҳолии Тоҷикистон ба 12 миллион нафар хоҳад расид.
XS
SM
MD
LG