Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳиддини Кабирӣ: Агар афв ба хотири сулҳ бошад...


Муҳиддини Кабирӣ таъкид кард, ҳатто ба номаҳои пайдарпайи собиқ раҳбарони мухолифини пешин ҳукумат низ раъисиҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон посухе надодааст: «Мутаассифона, ба дархости худ ҳеч посухе дарёфт накардем. Қабули қонуни афв фақат як навъ вокунише ба хоҳишҳои мо буд. Аммо вақте дар қонун пешниҳодҳои мо ворид нагардид, ба боваре расидем, ки ин иқдоми оқои Раҳмон ду паҳлӯ дорад: аз як сӯ, қонуни афвро, ки пешниҳод кардем, қабул карданд. Аз сӯи дигар, он чизеро, ки мо мехостем, дар қонун ҷой надоданд».

Ӯ афзуд: «Бори дигар мегӯям, ки то ҳол дар дасти мо расман ҷавобе ё шарҳе нест, ки чаро пешниҳодҳоямон ба эътибор гирифта нашуданд».

Ҳамзамон, ба бовари намояндагони собиқ оппозитсиюн, ҳукумати Тоҷикистон барои хотири озод нашудани размандагони собиқ Иттиҳоди мухолифин аз зиндонҳо банду моддаҳои қонуни ҷазоии кишварро низ мувофиқ сохта, ин амалро гӯиё махсус анҷом додааст.

Дар ҳамин ҳол, Саидаҳмад Ҷамолов, сардори шуъбаи назорати иҷрои қонунҳо дар Додситонии кулли Тоҷикистон, ин иддаои намояндагони собиқ мухолифини тоҷикро рад кард. Вай гуфт, қонуни афв дар муддати шаш моҳ амалӣ мешавад, вале дақиқ нест, ки тӯли ин муддат размандаҳои собиқи мухолифин низ ба озодӣ мебароянд ё не: «Феълан номаҳоеро мавриди баррасӣ қарор додаем, ки аз сӯи пайвандони собиқ размандаҳои Фронти халқӣ ва собиқ размандагони мухолифин ба мо расидаанд. Дар сурати ҷой надоштани ҷинояти одамкушӣ дар таркиби парвандаи ҷиноии размандагон, яъне ҳангоми муғойират накардан бо моддаи ҳафтуми ин қонун, имкон дорад, ки онҳо дар идомаи моҳҳои оянда афв шаванд».

Дар ҳамин ҳол таҳлилгари сиёсӣ Нуралӣ Давлат ба афви размандагони собиқ Иттиҳоди мухолифин аз тарафи ҳукумат шакк дорад. Ба бовари вай, размандагон - ҳам размандаҳои мухолифин ва ҳам размандаҳои ҳукумат - ҷинояти ҷангӣ содир кардаанд ва бояд сазои амали худро бубинанд: «Агар масъала ингуна гузошта шавад, ки ҳатман размандагони ҷониби мухолифин афв шаванд, пас зарур меояд, то размандагони Фронти халқӣ низ мавриди афв қарор гиранд".

Таҳлилгари сиёсӣ шарҳ медиҳад: «Яъне, агар ҳукумат талаботи мухолифинро бароварда созад, пас, ҳамзамон онҳоеро низ бояд афв кунад, ки барои ҳукумати конститутсионӣ ҷанг кардаанд. Аммо фикр мекунам, онҳое, ки ҷиноёти ҷанги содир кардаанд, бояд ба ҷиноятҳои содиркардаи худ ҷавоб гӯянд».

Ин ҳам дар ҳолест, ки дар маҷмӯъ, ба суъоли «Чаро размандагони собиқ афв нашуданд?» посухҳо гуногунанд. Гурӯҳе мегӯяд, онҳо ҷинояти сангин содир кардаанд ва бояд ҷазо гиранд. Гурӯҳи дигар бар ин назар аст, ки размандагони собиқ аз ҷурми содиркардаи худ пушаймон шудаанд ва аз ин рӯ бояд афв шаванд.

Аммо дар ин робита коршиносон ақидаи дигар доранд. Онҳо мегӯянд, то замоне ҳукумати президент Раҳмон ва пайравони ӯ бар сари кор аст, раҳо шудани размандагони собиқ Иттиҳоди мухолифини тоҷик аз зиндонҳо амри муҳол хоҳад буд.

Новобаста аз ин ҳама, раёсати Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон тасмим гирифтааст, ки дубора ба унвони Эмомалӣ Раҳмон нома фиристад ва дархост кунад, ки замони таҷлил аз ҷашни Истиқлолият, размандаҳои собиқи мухолифинро афв ё муҳлати ҷазои эшонро камтар намояд.
XS
SM
MD
LG