Пайвандҳои дастрасӣ

Афзоиши дубораи қимати нерӯи барқ дар Тоҷикистон


IA

Бори дувум аст, ки аз оғози соли равон ширкати «Барқи тоҷик» нархи истифодаи нерӯи барқро барои аҳолии кишвар боло мебарад.


Ин ҳам дар ҳолест, ки дар муқоиса бо соли гузашта аз оғози соли ҷорӣ ҳаққи истифодаи нерӯи барқ ба ҳисоби миёна бист дарсад боло рафтааст.


Аҳолии Тоҷикистон, истифодабарандагони асосии он, иқдоми ахири ширкати «Барқи тоҷик»-ро барои кишваре, ки шаст дарсади аҳолиаш дар фақру бенавоӣ ба сар мебарад, ғайриодилона мехонанд.


Вале «Барқи тоҷик» бо далели онки пеш бурдани соҳаи энержии кишвар бо нархномаи қаблӣ имконнопазир аст, ин иддаъои мардумро рад мекунанд.
XS
SM
MD
LG