Пайвандҳои дастрасӣ

Ироқ тақсим хоҳад шуд?


Эндрю Туллӣ Авзоъ дар Ироқ сабаб гаштааст, то дар Иёлоти Муттаҳида ҳарчи бештар аз зарурати хуруҷи нирӯҳои Амрико аз Ироқ мавриди баҳс қарор гирад. Ҳамзамон ин андеша низ бартарӣ пайдо мекунад, ки ба хотири ояндааш Ироқ бояд қисмат шавад.

Вазири умури хориҷии Ироқ Ҳушёр Зебарӣ гуфт, агар Иёлоти Муттаҳида ба хуруҷи нирӯҳояш аз Ироқ шурӯъ кунад, Ироқ ба як ҷанги густардаи шаҳрвандӣ фурӯ хоҳад рафт. Ин изҳороти Зебарӣ дар шаҳри матолиби рӯзномаи Ню-Йорк Таймс садо дод, ки навиштааст, дар дохили ҳукумати Буш баҳсҳои хуруҷи тадриҷии нирӯҳо аз Ироқ рӯ ба афзоиш дорад. Дар посух ба рӯзнома Кохи Сафед гуфт, ҳеҷ гуна барномаи хуруҷро бар пояи "довариҳои сиёсӣ" баррасӣ намекунад.

Вале дар моҳи сентябр президенти Иёлоти Муттаҳида Ҷорҷ Даблю Буш бояд дар Сенати Амрико аз натиҷаи стратегияи нави худ дар Ироқ, ба ҷумлаи ирсоли нирӯи бештар ба ин кишвар, гузориш диҳад ва дар ин байн пуштибонии ҳатто ҳамҳизбиёни ҷаноби Буш аз сиёсати ӯ дар Ироқ рӯ ба коҳиш аст.

Ин ҳам дар ҳолест, ки ноиби раиси ҷумҳури Ироқ, Ториқ ал-Ҳошимӣ, ки аз суннимазҳабон аст, гуфт, ироқиҳо ҳақ доранд, баро дифоъ аз худ ба даст силоҳ бигиранд. Хушунатҳои байнимазҳабӣ ҳар ҳафта то сад нафар куштаву захмӣ ба ҷой мегузоранд ва бархе аз коршиносон гуфтаанд, тақсими Ироқ ягона роҳи ҳифзи он мебошад. Эдвард Ҷозеф, аз Маркази мутолиоти амиқи байнулмилалии Ҷон Ҳопкинс ва Майкл Оҳанлон аз Пажӯҳишгоҳи Брукингз мегӯянд, агар тақсимшавии Ироқ гурезнопазир аст, набояд фурсатро аз даст дод, то вазъ бадтар шавад. Онҳо тарҳеро пешниҳод кардаанд, ки тақсимоти нарм меноманд ва мегӯянд, бо нигаҳ доштани Ироқ ба ҳайси як кишвари ягона, онро бояд ба се минтақаи мустақил тақсим кард, ки ҳар кадом масъули амнияти худ бошад. Оҳанлон дар муаррифии ин тарҳ чунин гуфт:

"Қатъи назар аз он ки шумо ин тарҳро дуст медоред ё на, росташ бисёре аз мо дуст намедоранд ва он наметавонад, нахустинтихоби бисёриҳо бошад, амалан Ироқ ба ин ҳол афтодааст. Моҳона беш аз сад ҳазор нафар бар асари зӯроварӣ ва хушунат манзилҳои худро тарк мекунанд. Кишвар аз рӯи қавмият ҷудо шудааст. Он ба Босния монанд мешавад ва беҳтар аст, мо ин равандро ба даст гирем, пеш аз он ки маргталабон ва ситезаҷӯён ин тақсимотро ба ҷои мо анҷом бидиҳанд."

Ҳаммуаллифи тарҳ Эдвард Ҷозеф мегӯяд, ин ягона роҳи раҳоӣ аз хушунатҳои мазҳабӣ дар Ироқ аст ва кӯчондани аҳолӣ барои бунёди минтақаҳои ҳамгун аз поккориҳои қавмие ки ҷараён доранд, беҳтар аст. Ҷозеф меафзояд, албатта, ин пешниҳод "ҷиҳатҳои манфии ахлоқӣ дорад, аммо дар ҳоле ки шумо наметавонед, амнияти ин мардумро таъмин кунед, чораи дигаре надоред."

Ҳарду коршинос мегӯянд, тамаркузи қудрат дар дасти шиъаҳои Ироқ сабаби асосии ин ҳолат аст ва Амрико набояд интизори ин бошад, ки Эрон ба беҳбуди вазъият дар Ироқ кӯмак хоҳад кард. Онҳо мегӯяд, бояд гуфтушунид бо Теҳрон идома кунад, вале набояд аз ин музокирот натиҷаи мусбатро интизор буд.

Зимнан, тарҳи тақсими Ироқ пешниҳоди нав нест. Пештар гурӯҳе аз сенаторони Амрико таҳти раҳбарии Ҷозеф Байдн айни чунин тарҳро ба миён гузошта буд. Вале он вақт Кохи Сафед ин пешниҳодро рад карда, ба таҳкими ҳукумати қавии марказӣ ва порлумон дар Бағдод камар баст.
XS
SM
MD
LG