Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даҳҳо куштаи ҳамлаи нирӯҳои Покистон ба масҷиди Лаъл


Нирӯҳои амниятии Покистон, ки субҳи имрӯз ба масҷиди Лаъли Исломобод ҳамла карданд, мегӯянд, талош доранд, ин амалиётро дар камтарин фурсат ба анҷом расонанд. Онҳо мегӯянд, 20 кӯдак тавонистаанд, аз масҷид фирор кунанд ва ҷон ба саломат баранд. Ҳарбиён мегӯянд, ду сарбоз кушта ва ҳашт нафари дигар захмӣ шуда, аз ситезаҷӯён 20 нафар ба ҳалокат расидааст.


Шоҳидони айнӣ мегӯянд, аз давродаври ҳавелии масҷид садои тирандозии шадид ва таркишҳо ба гӯш мерасад. Атрофро дуди ғализ фаро гирифтааст.


Ин ҳамла дар ҳоле сурат гирифт, ки як ҳафта ба ин сӯ масҷид дар муҳосираи нирӯҳои давлат қарор дошт ва аз мусоҳирашудагон талаб мешуд, таслим шаванд вагарна ба ҳалокат хоҳанд расид. Дар даргириҳои рӯзҳои охир 24 нафар кушта шудааст ва низомиёни покистонӣ мегӯянд, дар масҷид то 400 нафар, аз ҷумла террористони хориҷӣ ҳузур доранд.
XS
SM
MD
LG