Пайвандҳои дастрасӣ

Ҷаласаи вазирони умури хориҷии аъзои СҲШ


IK

Дар ҷаласаи Шӯрои вазирони умури хориҷии кишварҳои узв дар Созмони Ҳамкориҳои Шонгҳой дар Бишкек дастури рӯзи мулоқоти раҳбарони кишварҳои узви ин созмон ба тасвиб расид.


Тибқи дастури рӯзи пешбинишуда қарор аст мулоқоти раҳбарон 16-уми августиҳамин сол дар Бишкек баргузор шавад ва дар он қарордоди дарозмуддати дӯстӣ, ҳусни ҳамҷаворӣ ва ҳамкорӣ ба имзо расад.


Дар ин созмони ҳамкориҳои минтақаӣ Русияву Чин, Қазоқистону Қирғизистон ва Узбакистон узвият доранд. Дар ҷаласаи имрӯзи Шӯрои вазирони хориҷаи кишварҳои узв Ҳамроҳхон Зарифӣ, вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон, ширкат дошт
XS
SM
MD
LG