Пайвандҳои дастрасӣ

Тарҳи номуайяни сохтмони Роғун


RD

Русия дар садади таҳияи тарҳи ҷадиди қарордод ҷиҳати сармоягузорӣ барои сохтмони нерӯгоҳи барқи обии Роғун аст. Ин матлабро Сергей Наришкин муовини сарвазири Русия дар ҷараёни нишасти кӯтоҳи хабарии худ дар шаҳри Душанбе баён дошт. Оқои Наришкин гуфт мавзӯъи сохтмони нерӯгоҳи Роғун дар мулоқоти вай бо Эмомалӣ Раҳмон - раиси ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди баррасӣ қарор гирифт ва ҷониби Русия дар ин дидор аз омодагӣ барои таҳияи тарҳи нави сармоягузорӣ ва такмили нерӯгоҳи Роғун хабар додааст. Аммо муовини нахуствазири Русия дар мавриди ҷузъиёти ин тарҳи ҷадид иттилои бештар надод. Ва ҳамчунин мушаххасан нагуфт, ки чӣ замоне ин тарҳ барои ҳамоҳангӣ ва таъйид ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод мегардад.

Ин дар ҳолест,ки ҷониби Тоҷикистон бидуни ишора ба ҳузури Русия дар идомаи сохтмони нерӯгоҳи Роғун чанде қабл эълом дошта буд, ки корҳои сохтмонӣ дар маҳалли эҳдоси истгоҳи мазкур аз моҳи сентябри соли равон аз сар гирифта мешавад. Дар ҷараёни сафари як рӯзаи худ ба Тоҷикистон Сергей Наришкин аз маҳалли бунёди нерӯгоҳи Роғун ва Сангтуда - 1 боздид ба амал овард.

Раҳматкарими Давлат, Душанбе
XS
SM
MD
LG