Пайвандҳои дастрасӣ

Ҳизби сиёсии муҳоҷирон?


Маълумоти изофӣ


Салом, миллати тоҷик ва мардуми Тоҷикистон.

Созандатарин нерӯ дар Тоҷикистон ин муҳоҷиронанд, гарчанде ки, ба гуфтаи Абдусамад, қонуншикананд. Ҷаноби Абдусамад, ҳамон диктатурае, ҳамон тоталитаризме, ки дар Тоҷикистон вуҷуд дорад, он маҷбураш кардааст қонуншиканӣ кунад. Ин қонуншиканҳо кайҳо ба ҳизби сиёсӣ ниёз доштанд ва он ҳизб то ҷое, ки ман хабар дорам, ташкил шудааст ва он «Ватандор» аст.

Ман ҳам, мисли Кова, ҳамчун як муҳоҷир тайёр ҳастам ба ҳизби «Ватандор» аъзо шавам, чунки ягона рақиби нерӯманд ба ҲХДТ ин «Ватандор» аст.

Зеркӯҳрӯдӣ.
---------------------------------------
Ба номи Худо салом
Фикри Нерон Комилан иштибоҳ аст чаро, ки мо ғайр аз сомонаи Радиои озоди ба ҳеч сайте ниёз надорем ва муҳоичирин касоне ҳастанд, ки мухолифи қавонини русия амал мекунанд ва ҳеч ҳизб ё гуруҳе онҳоро набояд пуштибонӣ кунад агар ҳар ҳизб ё гуруҳе онҳоро пуштибонӣ кунад маълум мешавад, ки онҳо на ин ки қавонини байналмилалӣ, балки асосномоҳои худашонро амал намекунанд.

Хитоби ман ба ҳама соҳибназарон ин аст, ки чаро роҳи ҳал барои касоне ҷустуҷу мекунед, ки қонуншикан хастанд? Шумо мушкили касонеро ҳал намоед, ки муфиди ҷомеа бошанд ва пойбанд ба қавонин бошанд.

Бо эҳтиром
Абдусамади Карим
---------------------------------------
Аслан зуҳури ин ё ин ҳизбу созмон хоҳ давлатӣ бошад, хоҳ ғайриқонунӣ, аз эҳтиёҷоте руйи кор меояд. Ун мева пухта расида бошад, ҳатман аз шох меуфтад. Инқилоб низ. Бидуни Ленин ҳам инқилоби Октубр метавонист ба вуқӯъ пайвандад, зеро самари он пухта расида буд. Танҳо Ленин сабабгори он шуд. Бидуни Горбачев ҳам Иттиҳоди Шуравӣ аз байн мерафт, чун,ки дар остонаи фаношавӣ қарор дошт. Руйи кор омадани ҳизби ғайридавлатӣ, сиёсӣ ё экстремисӣ ва ё худ террористӣ низ оқибати сангиниҳои рӯзгор аст. Ҳар касе мехоҳад, то тавассути як минбари муайян ҳарфи дили худ бигӯяд..
Дар Русия бошад, мо хоҳем нахоҳем, чунин ҳизб таъсис меёбад. Чун,ки меваи он низ пухта расидааст. Мардуми муҳоҷири тоҷик то ба кай бидуни кафану ҷаноза мурдаро мусофир намуда, мегӯронанд? Дар ҳоле аз ҷониби кишвар ҷойи кори хубеву маоши басандае таъмин намешавад, ин падида руйи кор омадан мегирад. Ҳоло боз садҳо номгӯи ҳизбҳои дигар зуҳур мекунанд, дар пеш инқилоби фикрҳо моро интизор аст. Чун,ки бо пайдо шудани як ҳаракат ё ҳизб фикри наве низ интишор мешавад. Инак, таҳаввули фикри мардум, ки ҳанӯз андудаи мафкураи шӯравист, наметавонад инро қабул дошта бошад. Мо алҳол дар остонаи таҳаввули фикрӣ қарор дорем. Дар ИМА касе аз ҳизбу созмон наметарсад. Хоҳ ун қонунӣ бошад, хоҳ ғайриқонунӣ, чун,ки мардум аллакай тайёранд, ки чиро бояд бо худ гиранд, чиро не. Ҳамзамон дар ҳукуматдории ин кишвар плюрализм вуҷуд дорад. Аммо дар Тоҷикистон, ки плюрализм (чандандешӣ) ва толерантность ҳам дар ҳукумат ва ҳам дар мардуми оддӣ вуҷуд надорад, мо аз ҳар гуна ҳизбу созмон метарсем.

Бе ном


Салом ба ҳама барои онки чунин масъалаи ҳассоси рӯз онҳоро яктарафа мононда наметавонад.

Ба фикри камина, дар марҳилаи аввал бигзор бояд як сайти муҳоҷирони тоҷик дар Интернет таъсис дода шавад. Пас дар оянда худо подшост.

Бо эҳтиром, Нерон.
--------------------------------------

Дуруд ба ҳама.

Ман ҳамчун як шаҳрванди Тоҷикистон гуфтаниам, ки ташкил кардани чунин ҳизб барои мо ягон манфиате надорад, барои онки аз сиёсат на танҳо мардуми одӣ, балки он ашхосе, ки курсиҳоро банд кардаанду аз кори онхо нафъе ба давлат намерасад, фарсангҳо дуранд .

Имрӯзҳо мо, тоҷикон, ба қонун ниёз надорем, зеро он қонун танҳо ба камбағалҳо дахл дорад, аз ҳамин сабаб роҳи ба ватан баргардонидани муҳочиронро ҷустуҷӯ кардан даркор, на инки қонун бароварда онҳоро аз ватан беватан намоем.

Бо эҳтиром, Туйчибой.
--------------------------------------

Мо бояд дар ин масъала Амрико кашф накунем. Ва ба дигар таҷрибаҳои халқҳои ғайрирусӣ, ки дар Русия зиндагӣ мекунанд, низ фирефта нашавем. Роҳи мо тамоман дигар аст – ин на ба сиёсату на таъсиси ҳизб ва на ба маҳаллу маҳалгароӣ. Ин роҳ роҳи наҷот аст. Чунки моро дар кишваре, ки мо мусофирем, бояд ягон мақом ҳимоят кунад. Ин, албатта, худи мо бояд барои манфиъатҳои иқтисодии худ фикр намоем. Манфиъати мо ҳимояту ҳифз кардани худ дар шаҳри мусофирӣ...

Чи бояд кард? Дар урфият гуфтаанд, ки «шаҳри якчашма рафтӣ, як чашматро кӯр кун». Ин далели он аст, ки мо дар кадом шаҳре, ки бошем, бояд менталитети он шахрро вайрон накунем ва аз қоидаи он берун набароем.

Нерон.
--------------------------------------

Абдусамад. Бахши қонуни мигратсионии Сарқонуни Федеросюни Русия ҳанӯз «хом» асту сабаби зисти ғайриқонунии бахше аз муҳоҷирон аст. Зеро Русия аз лиҳози қонун қодир нест, мавҷи бузурги муҳоҷиронро, ки муддати қариб даҳ сол ин сарзаминро чун ҷои кору зисти худ интихоб кардаанд, қабул кунад. Аз сӯи дигар, ҳоли ҳозир барои барои ба қайд гирифта шудан ва гирифтани муҷаввизи кор дар ин кишвар барои атбоъи дигар ҳадди ақалл 300 доллари амрикоӣ зарур аст.

Магар муҳоҷири фақири тоҷик чунин маблағро дорад? Ногуфта аз ҷои зист ва хурду хӯрок.

Кова.
--------------------------------------

Ман ҳайронам, ки Каромат Шарипов ҳизби навро чи кор мекунад. Охир, ӯ дар моҳи октябри соли гузашта, дар арафаи интихоботи президенти Тоҷикистон расман гуфта буд, ки аз Эмомалӣ Раҳмонов арзандатар шахсеро барои президентӣ дар Тоҷикистон намебинад.

Ӯ ҳамчунин мардуми Тоҷикистон ва муҳоҷирини меҳнатиро даъват карда буд, ки дар интихобот ба тарафдории Э. Раҳмонов раъй диҳанд.

Инҷо саволе ба миён меояд, ки, агар ин тавр бошад, яъне арзандатарин шахс ба президентӣ Эмомалӣ Раҳмонов бошад, пас ҳизби ӯ ҲХДТ ҳам беҳтарин ҳизб аст, аз ҷумла барои муҳоҷирини корӣ. Мантиқан ҳамин хел аст ё не?

Пас чи лозим аст сохтани ҳизби нав? Равад, дар ҳамон ҳизби Раҳмонов аъзо шавад ва ҳамроҳи Эмомалӣ Шарипович Раҳмонови азизаш мардикорони тоҷикро ҳимоя кунад.

Вале, агар Каромат Шарипов гӯяд, ки не, ҳизби ҲХДТ-и ҷаноби олӣ Раҳмонов ҳизби дуруст несту аз уҳдаи ҳимояи муҳоҷирини меҳнатӣ намебарояд, пас бояд инро рӯирост гӯяд ва, майлаш, он вақт ҳалолаш бод, ҳизби муҳоҷиринро таъсис диҳад.

Абдумалик, студенти Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон.
--------------------------------------

Ба исми Яздони пок! Салом арз мекунам ба ҳаводорони сомонаи родиюи «Озодӣ».

Ба назари ман, таъсиси ҳизби муҳоҷирин, ки ахиран аз ҷониби раиси созмони «Тоҷик-диаспора» Каромат Шарипов сурат гирифт, ҳеч зарурате надорад. Чаро ки қисми зиёди муҳоҷирини тоҷик дониши хуби сиёсӣ надорад.

Агар муасисони ин ҳизб ғамхору дилсӯзи миллати худанд, пас як созмон ё ниҳоде таъсис бидиҳанд, ки ҳуқуқи муҳоҷиронро ҳимоят бикунад. Дар ҳоле ки ҳамарӯза муҳоҷирини мо аз ҷониби кормандони ҳифзи ҳуқуқи Русия мавриди таъқибу шиканҷа ҳарор мегиранд, ҳеч ниёз ба ҳизб надоранд.

Челон аз Масчоҳ.
--------------------------------------

Салом, Озодӣ!

Фикри ман чунин аст, ки барои мухоҷирон не ҳизб даркору не ҷамъият. Барои онҳо дар ватан кор ёфтан даркор. Ин ҳизбташкилкунӣ халқи фақирро хаста кардаст, шояд ягон мансаб даркор, на масъалаи муҳоҷирон.

Русҳо аз мо хеле пешанд ва намехоҳанд, ки ватани мо обод бошад. Онҳо гумон доранд, ки мо, тоҷикони сода, якумрӣ ғуломи онҳо бошем.

Бинед, ҳамеша дар воситаҳои ахбор фақат гап дар бораи пули аз Русия хориҷшударо нишон медиҳанд, лекин ягон бор нагуфтаанд, ки чи қадар аз ҳисоби муҳоҷирон обод мешаванд ва фоида овардани ингуна муносибат фақат дар давраи ғуломдорӣ буд. Ба гуфтаи воситахои ахбори русӣ аз Тоҷикистон 2 миллион ба Россия муҳоҷир шудаанд, пас мо чи гуна бо кӯдакону мӯйсафедон ватанро обод кунем? Фақат банкирҳо зиёд мешаванду халос. Сиёсатро нисбати иқтисодиёт ба куллӣ тағйир додан даркор на бо фондкушоӣ ва таърифу тавсиф. Фондро аз ҳисоби сармоя ё илму дониши худ ташкил кардан даркор, на аз ҳисоби халқи фақир.

Маҳмад.
--------------------------------------

Ба номи Худо, салом.
Ман эътирози Кова ва Тоҷикро беэътибор медонам, чаро ки инҳо розӣ ҳастанд, ки қавонини байналмилалӣ зери по шавад. Ман худам шахсан ба қавонини байналмилалӣ эҳтиром қоил ҳастам ва намехоҳам ин қавонин поймол гардад. Ман касонеро, ки ба кишвари Русия сафар кардаанд ва дар прапискаи он ҷо нестанд гуноҳгор меҳисобам. Оё метавон касоне, ки қавонини байналмилалиро поймол намояд, боз ҷавонмард бошад? Ҳаргиз на. Риояти қавонини байналмилалӣ нишонаи шахсияти ҳар як инсон аст.

Бо эҳтиром, Абдусамади Карим
--------------------------------------

Бо салом ба баҳси сомонаи шумо мепайвандам!
Биёед таъназанӣ, нешзаниҳои беҳударо як сӯ бигузореду андешаатонро иброз бидоред: то дигарон аз андешаи шумо истифода бикунанд.

Агарчи инсон махсусан ҷавонон насиҳатро дӯст намедоранд, аммо ногузир ин ҳарфҳоро бояд мегуфтам. Ва ҳам фикр намекунам насиҳат буда бошад, балки як андеша буд, ки мо ҳам гуфтему рафтем.
Дар мавриди зарурати Ҳизби муҳоҷирон ҳаминро гуфтаниам, ки маълум мешавад, ки дар Тоҷикистон ҳизб вуҷуд надорад. Яъне ҳизбе, ки фаъол бошад ва содатар карда бигӯем, ҳизб бошад вуҷуд надорад ва ин боиси сар баланд кардани як ҳизби дигар шудааст.

Беҳтараш шумо як мизи гирд доир кунед ва раисони ҳизбҳоро даъват кунеду гуед, шумо чи кор мекунед, вуҷуд доред ё не? Ин муҳоҷирон мардуми шумо нестанд, кадоматон боре як эътироз дар мавриди овардани садҳо тобут дар сол муроҷиат кардед ва ҳоказо...

Эҳ монда шудам, бачаша ёд те, вазирша фаҳмон, президентша бигӯ, ҳизбша ҳидоят кун, кадом яке аз инро мегӯӣ!
Саломат бошед!

Симин
-------------------------------------------

Оқои Абдусамад, мехостам бо арзи эътироз бигӯям, ки "гунаҳкор" мо "беватан"-он нестем, балки соҳибони кишвари валангор ҳам аз нигоҳи иқтисод ва ҳам сиёсату ғайра, гунаҳкоранд.
Магар гунаҳкоранд ононе, ки барои дарёфти қут барои фарзандонашон ғарибу сарсонанд?
Е ки ҷавононе, ки дар ғурбат дар ҳоли таҳсиланд вале ҳамзамон дар талоши кумак барои волидайн ва хешу таборанд, гунаҳкоранд?

Баракс, тоҷикистониёни хориҷи кишвар "қабилаи" бузург, сабур, созанда ва далеранд, ки ба нодорӣ, валангорӣ, музди ночиз, тоталиторизм ва авторитаризми сарзаминашон нигоҳ накарда, берун аз Тоҷикистон дар ҳоли кор ва таҳсиланд!!!

Кова
-------------------------------------

Салом ба Абдусамади Карим!

Бародар муҳоҷиронро ба муҳоҷирӣ муттаҳам карда чи гуфтаниед? Ки дар Тоҷикистон монда, бо 5-10 доллар зиндагиашонро пеш баранд. Бо шумоҳову раҳмонҳо? Сахт хато мекунед. Муҳоҷирони корӣ тоҷиктарин тоҷиконанд. Номус карда, дур аз ватан аз зану фарзанд аз ёру бародар зери таҳқиру фишор кор карда пули ёфтагиашонро ба Тоҷикистони азизи мову шумову Раҳмон мефиристанд... Ва ногуфта намонад ки маҳз бо пули ин муҳоҷирон Тоҷикистон кам-кам обод шуда истодааст, на аз доноии Э. Раҳмон... Аз ҷиҳати дигар маҳз аз ҷиҳати сиёсӣ Шумо ҳақ ҳастед... Муҳоҷирон бештар бояд дар бораи дар Тоҷикистон истодан фикр карда, бо роҳҳои сиёсӣ ҳукумати ношоями Раҳмонро сарнагун кунанд.....
На бо Каромат Шарифу Д. Атовулло балки бо фарзандони сазовори тоҷик ..

Тоҷик
-------------------------------------

Ба номи Худо
Салом ба кормандони радиои Озодӣ ва хонандагони ин саҳфа.
Ба назари ман муҳоҷирони тоҷик кори дурусте накарданд, ки ба кишвари Русия сафар карданд ва ҳар азияту озоре мебинанд гунаҳгор худи онҳо ҳастанд на каси дигар.Оё онҳо мисли дигар тоҷкион ғайрат надоранд, ки дар худи кишавар кор кунанд ва зиндагиашонро пеш баранд? Инҳо бояд баргардан ба Тоҷикстон ва ватин худро ободу зебо гардонанд, на ин ки дар кишвари Русия овораву саргардон, бехонумон зиндагӣ кунанд. Вақте аз кишвари худ сафар кардӣ ба кишвари дигар ин мушкилотро дорад ё таҳамули ин мушкилотро ба
дӯш мегирӣ ё ба кишвари дигар сафар намекунӣ. Як зарбулмасал ҳаст, ки харбузаро хурдӣ пои ларзаш ҳам меистӣ. Ҳар касе, ки ин фикрро дорад, ки ба дигар кишвар сафар кунаду ҳеч озор набинад иштибоҳи маҳз кардааст. Лозимаи сафар азияту озор аст.

Бо эҳтиром
Абдусамади Карим
---------------------------------------
Дар ҳоле, ки ҳизбҳои сиёсии дохилиамон хомӯшанд ва ба манфиати халқ садое баланд намекунанд, агар бошад ҳам ҲНИТ ба мисли чир-чираки шаб доир ба ин ё он масъала чир-чир мекунад. Азҳоби дигар танҳо ба хотири он, ки Тоҷикистон давлати демократӣ аст фаъолият доранд, вагарна аз буданашон набуданашон беҳтар.
Бояд манфиати муҳоҷири меҳнатиро дар хориҷи кишвар худи ҳукумати Тоҷикистон ба воситаи сафирон ҳимоя кунад ва дар ҳолатиҳои дигар ҳимояи муҳҷоиронро Эъломияи ҳуқуқи баша ба дӯш гирад.
-------------------------------------

Салом ба ҳама!

Аз назари ман ба ягон гуна ҳизб на танҳо муҳоҷирони тоҷик, балки тамоми мардуми тоҷик, ниёз надорад.

Барои чи? Барои онки мардуми тоҷик (аз он ҷумла муҳоҷирони корӣ) дониши одии сиёсӣ надоранд. Ман шахсан К. Шариповро мешиносам . Ӯ аз сиёсат фарсахҳо дур аст. Вой бар ҳоли миллате, ки сиёсатмадораш Э. Раҳмону К. Шарипов бошанд. Русҳо мегӯянд, ки «Дурному народу - дурная музыка». Фикр мекунам, ин мақол сад дарсад дар мавриди мо, тоҷикон, ҳам рост меояд...
--------------------------------------

Салом ба хонандагони ин сафҳа!
Муҳочирини мехнатӣ барои таъсиси ҳизб чи кор доранд. Онҳо аз ин ҳизб дар хориҷи кишвар ягон манфиат намебинанд, хоса дар кишваре чун Русия ва инро як дусти сиёсатшиносам низ чунин ташрех дод. Онхо беҳтар аст, ки бо ҳам иттиход шаванд ва барои ҳуқуқхои худ дар ин кишвар мубориза баранд ва ҳизби сиёсӣ дар ин масъала барои онҳо минбар шуда наметавонад.
Онхо беҳтар аст, ки як ҷамъияти итиҳодиеро таъсис дода, ҳар мушкили ҳамдигарро ҳал намоянд ва гуруҳ-гуруҳ аз руи маҳал нагарданд, балки ҷамъияти "Тоҷикони муҳоҷир"-ро таъсис дода, барои манфиатҳои худ ҳамдилона мубориза баранд.
Ин буд як акидаи ман, дигар чандандеширо худатон таҳлил созед.

Акмал, ноҳияи Шуғнон
-----------------------------------------
Салом, халқи тоҷик!
Ба андешаи ман, муҳоҷирони тоҷик, ки аксарашон дар Русия ва дигар манотиқи олам кору зиндагӣ мекунанд, на ин ки ба як ҳизби сиёсӣ, балки ба як Қонуни устувори муҳоҷирон ниёзи бештар доранд. Қонуне ки битавонад ҳамеша эшонро сарбаланд намояд на ин ки "сархам".Таъсиси як ҳизби сиёсӣ (ки ҳадафаш ҳимоя ва пуштибонии ҳуқуқу ӯҳдадориҳои муҳоҷирон аст) фикр мекунам, чандон мусоидатнок нест. Дар мо айни замон 8 ҳизб "фаъолият" мекунад ки ман намедонам ҳадафи аслияшон чист, аксарашон ба манфиати "худи". Худ қазоват намоед.

Агар ман як шахси қонунбарор мебудам, қонунҳое мебаровардам, ки ҷаҳону олам бо қаноатмандӣ дастгирӣ намояд, на ин ки худи як кишвар.

Пас хуб мешавад агар на ҳизб балки Қонуни муҳоҷирони тоҷикро на ин ки худи Тоҷикистон балки, ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ, мисли Созмони Милали Муттаҳид дасгириву ҳимоят намояд.
Бо эҳтиром
Фирдавс
--------------------------------------
Шахсан ман ҳамчун донишҷуй ва муҳоҷири сарзамини Русия танҳо аъзои "Ватандор" шудан розиям. Зеро танҳо оқои Атовуллоев имруз қодиранд бо авторитет ва профессионализми худ дигаргунии ҷиддӣ ва мусбатеро на танҳо барои муҳоҷирин, бал барои кулли Тоҷикистониён ба вуқӯъ оранд. Боқӣ ҳама сафсаттагӯёни мансабталошанд, ки мехоҳанд( шояд бо ташаббуси сарони давлат) як ҳизби барои "ватандор" конкурентеро ташкил диҳанд.

Агар маҳалгароии тоҷикистониён намебуд, умедворам дар Русия мо ҳоло на танҳо соҳиби ягон ҳизб, балки ҷамъияти чандмиллионаи абарқудратеро медоштем, ки дар фазои сиёсии кишвар нақши муҳимеро мебозид, ногуфта аз он, ки иқтисодиёти Тоҷикистон асосан аз "заҳмати" ин "ҷамъият" пойдор аст.

Кова.
-----------------------------------
Аз Озодӣ: Озодӣ ҳаққи вироиши назарҳоро барои худ ҳифз мекунад. Номаҳое, ки дорои тавҳин ё таҳдид ба касе ё чизеянд, ё такрориву беш аз андоза дарозанд ва ё бо мақсади таблиғ ирсол шудаанд, дар шакли ибтидоии он мунташир нахоҳанд шуд. Лутфан, агар имкон ҳаст, бо ҳуруфи тоҷикии сириллик бинависед, то номаи Шумо зудтар ба нашр расад. Номаҳо бо имзои мустаор на лузуман қобили нашр хоҳанд буд. Зимнан, ҳеч назаре дар Майдони баҳс баёнгари дидгоҳҳои Озодӣ нест.
XS
SM
MD
LG