Пайвандҳои дастрасӣ

Муҳоҷирони кории тоҷик соҳиби ҳизби сиёсӣ мегарданд?


Кароматулло Шарифов иддао дорад, шаҳрвандони зиёди Тоҷикистон, ки дар шаҳру манотиқи Русия ба сар мебаранд, аз ин ҳизб пуштибонӣ хоҳанд кард ва аз ҳоло аъзои созмони ҷамъиятии ӯ барои узвият дар ин ҳизб изҳори омодагӣ кардаанд: "Ин ҳизб метавонад зиёда аз дувуним миллион шахсро қабул кунад. Чунки он фалокатҳову вазниниҳое, ки дар сари онҳо ҳаст, имрӯз аз тарафи Лигаи Халқӣ ҳал карда мешавад. Зиёда аз 60 ҳазор шахсе, ки имрӯз аъзои Лигаи Халқии Тоҷикон аст, онҳо аъзои ҳизб мешаванд. Ва то охирҳои сол мумкин ин ҳизб ба қайд гирифта шавад, агар мо дар бораи дуруст будани роҳи демократия гап занем ва агар моро иҷоза диҳанд. Зиёда аз дувуним миллион нафарро дар солҳои наздик фаро мегирад".




Оқои Шарифов гуфт, ки ҳадафи аслии ин ҳизб ҳимоят аз ҳуқуқи муҳоҷирон дар Русия ва кӯшиши дастёбӣ ба курсиҳои парлумон ба хотири бештар матраҳ шудани масъалаҳои муҳоҷирони кории тоҷик дар сатҳи ҳукумат мебошад: "Тинҷию амонии Тоҷикистон ва хӯрондани фарзанди худ аз рӯи худи ҳамин муҳоҷирон аст, ки ин муҳоҷирон аъзои ягон ҳизб нестанд. Ва касе тарафи онҳо назар накардааст. Сабаби ташкил шудани ҳизб он аст, ки дар сафи имрӯзаи парлумон, намояндаҳои халқи Тоҷикистон дар Маҷлиси Олӣ дигаргунӣ ворид шавад. Онҳое, ки он ҷо ҳастанд, на касеро мешиносанд ва на назди касе рафтаанд. То вақте онҳо ҳастанд, ягон қонуни нав нисбат ба муҳоҷирони тоҷик қабул карда ҳам намешавад".




Ӯ мегӯяд, ки барои таъсиси ин ҳизб аз ҳисоби аъзоҳаққиҳои муҳоҷирони тоҷик, созмонҳои мудофеи ҳуқуқи муҳоҷирон дар қаламрави Русия ва ниҳодҳои бонуфузи байналмилалӣ, мисли СММ кӯмак дарёфт хоҳад кард. Дар ҳамин ҳол, ӯ ба пуштибониву кӯмаки ҳукумат, ба вижа сафорати Тоҷикистон дар Русия умед мебандад ва мегӯяд, ки рӯзҳои наздик ин мавзӯъро дар мулоқоти нахустини худ бо сафири нав Абдулмаҷид Достиев матраҳ хоҳад кард: "Пуштибони ман имрӯз ҷамъиятҳое ҳастанд, ки мисли мо аз ҳуқуқи муҳоҷирон дифоъ мекунанд. Инҳо бақувватанд, инҳо бузурганд. Мо комитети Авроосиё мегӯем, СММ мегӯем, инҳо ҳастанд ҳама".


Озодӣ: Шумо ба ҳукумати Русия муроҷиат кардед?


"Ҳукумати Русия мехоҳад, ки ҳоли тоҷикон аз ин бадтар шаваду бадбахтӣ аз сари онҳо дур нашавад. Русия роҳи хубро гирифтааст. Аз 68 ҷасаде, ки дар семоҳаи аввали соли 2007 фиристода шуд, 36 нафари вай куштор буд. Ва ягон нота аз тарафи Тоҷикистон фиристода нашудааст".



Ба саволи радиои Озодӣ оид ба ин ки мавқеи ӯ ва созмони ӯ ба ба як ҷумбиши сиёсие, ки муддате пеш аз худ бо исми "Ватандор" дарак дод, чист, Кароматулло Шарифов гуфт, ки ба ин нерӯ чун ба як созмони ҳамфикр ва муттафиқ баҳо медиҳад. Ин дар ҳолест, ки мақомоти Тоҷикистон ин созмон ва изҳороти муассиси "Ватандор" журналист Додоҷони Атоуллоро чун "иғвои навбатӣ" ва бепоя унвон кардаанд. Кароматулло Шарифов дар ин замина мегӯяд: "Ҳизби онҳо ҳизби интеллигентсия мебошад. Ҳизбе аст, ки дар берун аз Русия, Олмон, Англия, дигар давлатҳои Аврупо, дар худи Амрико, шахсоне, ки баромада рафтаанд - онҳо ташкил мекунанд. Агар фикрҳои солим бошад, на танҳо бо "Ватандор", ба ғайр аз он, бо ҳизби ҳокими Тоҷикистон (ҳамкорӣ хоҳем кард)… Чаро он (ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ) бо мо намехоҳад ҳамкорӣ кунад? Вай метавонад бо ман ҳамкорӣ накунад, бо миллати худаш бояд ҳамкорӣ кунад".



Дар ҳоле, ки раиси созмони "Тоҷик-Диаспора" таъсиси ҳизби сиёсиро танҳо роҳи мусоидат ба ҳалли мушкилоти муҳоҷирони тоҷик дар Русия мебинад, баъзе таҳлилгарон дар дохил ва хориҷи кишвар ба ин ақида бо шубҳа менигаранд. Абдуғаффор Камолӣ, як рӯшанфикри тоҷик мегӯяд, ки "ҳар гуна иқдом барои беҳтар кардани вазъият, яъне расидан ба вазъи матлубтар, қобили дастгирист". Аммо ба андешаи ӯ, расидагӣ ба мушкилоти муҳоҷирон дар доираи як ҳизби сиёсӣ "кори сахттар" хоҳад буд: "Агар мақсад ҳалли мавзӯъи муҳоҷирон аст, дар доираи ҳизб ҳал кардани он сахттар мешавад. Чаро? Зеро ҳама гуна ҳизб ба сӯи расидан ба ҳадафҳои сиёсӣ роҳ мепаймояд ва маъмулан, вақте ҳизб ташкил мешавад, ин тӯдаҳои мардум нестанд, ки аз он нафъ мебаранд. Доираҳои хосе ҳастанд, ки бо истифода аз тӯдаҳои мардум ба он чи ки мехоҳанд, мерасанд. Яъне ман гуфтанӣ ҳастам, вақте ҳизбе ташкил мешавад ва бо номи тоҷиконе, ки дар Русия ё дар Маскав кор мекунанд рӯи саҳна меояд, ин чиз вазъиятро ҳассостар мекунад. Мавзӯъи аслӣ, ки ҳалли мушкили муҳоҷирон аст, мемонад, ва чанд нафаре, ки мехоҳанд аз ин қувваи бузург барои расидан ба аҳдофашон истифода кунанд, рӯи саҳна меоянд". Дар Тоҷикистон айни замон 8 ҳизби сиёсӣ ҳаққи расмии фаъолиятро дорад. Аз миёни онҳо, намояндаҳои ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ, ки иддао доранд дар миёни мардум пуштибони зиёд дорад, дар парлумони кишвар аксариятро ташкил медиҳанд. Ба андешаи оқои Камолӣ, таҷрибаи 15-солаи Тоҷикистон нишон медиҳад, ки дар ин кишвар аҳзоби сиёсии ғайриҳукуматӣ ҳанӯз "натавонистанд дар рақобатҳои ҷиддӣ ҳузур ёбанд".



Вай мегӯяд, ҳизби ҳокими халқӣ-демократӣ аслан "дар миёни қудратмандон", яъне давлатдорони Тоҷикистон таъсис ёфтааст. Аз назари ин таҳлилгар, дар сурате, ки як созмон мехоҳад воқеан ҳам ҳалли масоили муҳоҷиронро аз рисолатҳои аслии худ қарор дода ба хотири расидан ба аҳдофи сиёсии худ ба сӯиистифода аз нирӯи бузурги муҳоҷирон роҳ надиҳад, бояд дар чаҳорчӯби як ҷумбиши ҷамъиятӣ фаъолият кунад: "Мушкили асосии муҳоҷирони мо дар Русия мушкили сиёсӣ нест, ин мушкили иҷтимойӣ, фарҳангӣ, мушкили амниятӣ ва дигар мушкилот аст. Таъсиси ҳизб бо ба вуҷуд овардани мавзӯъи сиёсӣ ва ба саҳна кашондани он тамоми мавзӯъҳои дигарро таҳти таъсир қарор медиҳад. Ва гузашта аз ин, мо бояд дар назар гирем, ки мо дар кишваре зиндагӣ намекунем, ки тамоми дарҳо барои ҳама гуна арзишҳои демокросӣ боз бошад. Ин воқеиятест, ки аз он мо чашм пӯшида наметавонем ва ин чиз ҳассосиятро шояд дар ин ҷо зиёдтар кунад ва ҳамон робитае, ки феълан муҳоҷирон ва ё созмонҳои муҳоҷирон дар Русия бо баъзе мақомоти расмии давлат, чи дар Тоҷикистон ва чи дар манотиқи мухталифи Русия доранд, он равобитро ҳам таҳти таъсир қарор медиҳад. Яъне ин равобити дӯстона ба як равобити рақобатомез ва душманона табдил мешавад".



Ин андешаро Шокирҷон Ҳакимов, муовини раиси ҳизби сотсиал-демкорати Тоҷикистон ҳам пуштибонӣ мекунад. Ӯ мегӯяд, ки дар сурати таъсиси як ҳизби сиёсӣ имкон дорад ҳадафҳои аслӣ дар канор монда, манофеъи як гурӯҳи хурд ҳимоят шавад: "Ман ҳама гуна андешаву пешниҳодро дар хусуси таъсиси ниҳодҳои махталифи ҷомеаи шаҳрвандӣ ва алалхусус ҳизби сиёсӣ бо хушнудӣ қабул мекунам, зеро ки ҳар қадар шумори аҳзоби сиёсӣ дар ҷомеаи мо бештар шавад, ин боиси болотар рафтани фарҳанги сиёсӣ ва дониши сиёсии онҳо мегардад. Аммо ин ҷо як масъала ҳаст. Вақте ки онҳо мекӯшанд бо унвони ҳизби сиёсӣ манфиатҳои муҳоҷиронро ҳимоя кунанд, албатта дигар манфиатҳо пеш гузошта мешавад. Ва ин боиси нигаронии ҳам сиёсатмадорони Русия вам ҳам дигарҳо шуда метавонад. Аз ин хотир, одатан дар чунин ҳолат (ва ин мутобиқ аст ба санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ), созмонҳои иҷтимойӣ ва ё ғайриҳукуматиро таъсис медиҳанд, то ки ин созмон ҳадафи бештар дошта бошад ва новобаста аз ақидаи сиёсӣ, мансубияти маҳаллӣ, эътиқоди динӣ ва ғайра онҳоро баробар ҳимоят кунад"




Таҳлилгари сиёсӣ Абдуғаффор Камолӣ гуфт, ки аз нигоҳи ӯ, пеш аз муттаҳид кардани муҳоҷирони тоҷик дар атрофи як ташаккул, созмону гурӯҳҳои ҷамъиятӣ бояд ба ваҳдати фикрӣ даст ёфта, муҳоҷиронро дар атрофи як идеяи миллӣ муттаҳид кунанд. Чунин вазифаро, ба андешаи оқои Камолӣ, рӯшанфикрону андешамандон ва афроде иҷро карда метавонанд, ки дар миёни муҳоҷирон маҳбубият ва эътибори хосса доранд. Аммо мавқеи ҳукумати Тоҷикистон ба таъсиси чунин ҳизб чӣ буда метавонад ва оё он шонси сабти ном шуданро дар сохторҳои ҳуқуқии ин кишвар хоҳад дошт? Аз лиҳози ҳуқуқӣ таъсиси ҳизби сиёсӣ дар қаламрави як кишвар ва роҳандозии фаъолияти он дар давлати дигар манъ аст, мегӯяд ҳуқуқшинос Шокирҷон Ҳакимов: "Ҳам аз қонунгузории ҷадиди Русия бармеояд ва ҳам аз Тоҷикистон ва дигар кишварҳо, ки таъсиси созмонҳои ибтидоии ҳизби сиёсӣ дар дигар давлат қотеъона манъ аст, чун ин боиси муташанниҷ гаштани авзоъ, мудохила ба умури сиёсии ин давлат ва ғайра маҳсуб мешавад".



Ба андешаи ин сиёсатмадор, дар сурати нокомии ҳизби нави муҳоҷирин барои дарёфти ҳаққи расмии фаъолият дар Тоҷикистон, он метавонад ба ҳайати аҳзоби дигари сиёсӣ шомил шуда, фаъолияти худро дар самти ҳимояти ҳуқуқи муҳоҷирон тавсеа диҳад. Дар интихоботи ахири парлумонии Тоҷикистон соли 2005, аз нигоҳи таҳлилгарон, яке аз намоёнтарин нуқтаҳои заъфи аҳзоби сиёсии кишвар ин буд, ки нерӯи муҳоҷирони кории муқими Русия дар ин маъракаи сиёсӣ нодида гирифта шуд. Ҳол он ки ба қавли коршиносон, маҳз ҳамин бахши шаҳрвандони Тоҷикистон, ки шуморашон беш аз 1 миллион нафар ҳисоб шудааст, назар ба сокинони дохили кишвар, имрӯз ба манобеъи моливу пулии бештар дастрасӣ дошта, дар ҳиҷрат донишу малака ва таҷрибаҳои навро аз худ мекунанд. Ин он захираи башариву зеҳние мебошад, ки ҳанӯз кашфношуда боқӣ мемонад ва дар сурати истифодаи дуруст аз ин нирӯ метавонад пеш аз ҳама ба манфиати Тоҷикистон хизмат кунад.
XS
SM
MD
LG