Пайвандҳои дастрасӣ

Сафир ба ватан баргашт


Акбаршо Искандаров сафири ғайриоддист. Аниқтараш "буд." Дар Туркманистон, дар хонаи ӯ муҳоҷирон оши палав мехӯрданд, дар Қазоқистон вай на танҳо аз сиёсат, балки фарҳанги кишвараш низ намояндагӣ мекард. Вай сафире буд, ки аз курсии раҳбари давлат ба ҷодаи дипломатия қадам гузошт. Ва ҳамчун раҳбари давлат низ дар байни обу оташ аз худ дипломатияи барои ҳарду тараф қаноатбахш нишон додааст...

...Акбаршо Искандаров дар ҷаласаи 16 уми Шӯрои Олии Тоҷикистон моҳи ноябри соли 1992 зери фишори ҷонибҳои даргир аз мақоми кафили раиси ҷумҳури Тоҷикистон истеъфо дод ва бо ҳамин ба Эмомалӣ Раҳмон барои соҳиб шудани мақоми сарварии Тоҷикистон роҳро боз кард. Баъдан Раҳмон Искандаровро ба хориҷа ба кори дипломатӣ фиристод ва ӯ шурӯъ аз соли 1993 то соли 2001 ба ҳайси сафири Тоҷикистон дар Туркманистон фаъолият кард. Соли 2001 вайро ба Қазоқистон сафир таъин карданд. Ҳамзамон Акбаршо Искандаров сафири Тоҷикистон дар Муғулистон низ буд. Ба андешаи Қодири Рустам, адиб ва рӯзноманигори шинохтаи тоҷики муқими Қазоқистон ва раиси маҳфили фарҳангии тоҷикони шаҳри Алмаато Акбаршо Искандаров дар ин кишвар барои тақвият бахшидани робитаҳои бисёрҷонибаи Тоҷикистон бо ин кишвар саҳми пурарзише гузошт.

Маҳмадалии Давлаталӣ тоҷири тоҷик, ки аз соли 1996 дар Қазоқистон ба сар мебарад , иброз медорад, ки бо талоши Акбаршо Искандаров вазъи муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон беҳтар гардид. Алъон фаъолияти минбаъдаи Акбаршо Искандаров рӯшан нест. Ва ин нукта имкон дорад, баъди судури фармони раиси ҷумҳур Имомалӣ Раҳмон дар мавриди ӯ ва баъди бозгашташ ба Душанбе рӯшан гардад, ки ба ӯ вазифаеро хоҳанд дод ё не. Вале Қодири Рустам бар он аст, аз як сӯ ҳам таҷрибаи ғании Акбаршо Искандаров дар риштаи дипломатӣ барои дигар ҳампешагонаш омӯзанда аст ва аз сӯи дигар вай сарвари пуртаҷрибаест, ки метавонад барои ободии Тоҷикистон боз корҳоеро анҷом диҳад.

Адиби тоҷик умед дорад, шахсе ки Акбаршо Искандаровро дар мақоми сафирӣ табдил хоҳад кард, корҳои неки оғозкардаи ӯро идома хоҳад дод ва муносиботи Тоҷикистону Қазоқистонро, ки кишвари барои Тоҷикистон басо муҳим маҳсуб мегардад, боз ҳам тақвият хоҳад бахшид.

Акбаршо Искандарови 56-сола таи чаҳордаҳ соли фаъолияти дипломатӣ дар Туркманистону Қазоқистон асарҳоеро ба забони русӣ бо номхои «Чашмаи дӯстӣ ва ё хотираҳои дипломат» , «Кишварҳои Осиёи Марказӣ дар раванди ҳамгароӣ», «Ҳамгароӣ дар Осиёи Марказӣ ва паҳлуҳои сиёсии он» ва гулчини абёти адибони форс- тоҷикро ба табъ расонд. Ҳамчунин вай рисолаи докториашро дар улуми сиёсӣ дар мавзӯи «Раванди ҳамгароӣ дар кишварҳои Осиёи Марказӣ» омода кардааст.
XS
SM
MD
LG