Пайвандҳои дастрасӣ

Раисиҷумҳур 500 доллар ҷарима шуд


Имрӯз раисиҷумҳури нави Латвия Валдис Затлерс ба ифои вазифа шурӯъ кард. Ӯ 31 май аз сӯи Сейми кишвар ба ин маснад интихоб шуда буд.


Валдис Затлерс, собиқ сардухтури бемористони шикастабандии шаҳри Рига, узви ягон ҳизби сиёсӣ нест. Баъд аз интихоб шуданаш дар маснади раиси ҷумҳури Латвия ӯ иқрор кард, ки ҳангоми чун ҷарроҳ фаъолият карданаш аз беморон пул мегирифт ва аз маблағҳо боре ҳам андоз насупурдааст.


Баъд аз ин изҳорот мақомоти андоз раисиҷумҳурро ба маблағи 500 доллар ҷарима карданд.
XS
SM
MD
LG