Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Интихоботи миёндавраӣ дар ҳавзаи Бохтар


af

Дар интихоботи миёндавраӣ ба Маҷлиси намояндагони Маҷлиси олии Тоҷикистон дар ноҳияи Бохтар аксари интихобкунандагон ширкат кардаанд.


Гуфта мешавад, дар ин ҳавза танҳо намояндагони ҲХДТ, Ҳизби аграрии Тоҷикистон ва як нафар ҳам бо тарзи худпешбарӣ ширкат доранд.


Хабарнигори родиюи «Озодӣ» Абубакри Файзалӣ, ки аз субҳи барвақт аз қитъаҳои интихоботӣ дидор кардааст, мегӯяд, ки нақзи қавонини умдаи интихоботи кишвар дар аксари қитъаҳои овоздиҳӣ ба гунаи возеҳу равшан мушоҳида мешуд - ҳатто ба гунае, ки як нафар метавонист дар ҳузури аъзои кумисюн ва нозирон рӯирост ба ҷои чанд нафар раъй медод.


Аслан, онгунае ки хабарнигори мо мегӯяд, фазои интихобот дар маҷмӯъ шубҳаовар буд. Ин ҳам дар ҳолест, ки аксари аҳзоби сиёсии кишвар бино бар надоштани итминон дар шаффофияти баргузории он дар ин марҳилаи интихобот ба порлумони кишвар ширкат накарданд.
XS
SM
MD
LG