Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ироқиҳо мехоҳанд, мусаллаҳ шаванд.


Ториқ ал-Ҳошимӣ, ноиб-президенти суннимазҳаби Ироқ мегӯяд, ироқиҳо ҳақ доранд, барои дифоъ аз хештан силоҳ ба даст бигиранд. Ин изҳороти вай баъд аз хушунатҳои охири ҳафта садо дод, ки бар асари онҳо 200 нафар кушта шуд.




Танҳо дар таркиши мошини бамгузоришуда дар бозори пуриздиҳоми Эмрилӣ рӯзи шанбе 130 нафар ба ҳалокат расид. Аҳолии ин шаҳрак дар шимоли Ироқ асосан аз туркманҳои шиъамазҳаб иборат аст. Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Бан Ги-мун гуфт, аз ин ҳамлаҳо ба ваҳшат афтодааст.





Дар ин байн дар ду ҳодисаи ҷудогона дар Бағдод, 34 нафар кушта шуд, аз ҷумла 23 аскарбачаи ҷавон, ки мебоист, ба артиши Ироқ шомил мешуданд.
XS
SM
MD
LG