Пайвандҳои дастрасӣ

Ихтори охирин ба ошӯбгарони масҷид


Иҷоз-ул-Ҳаққ, вазири умури дини Покистон, дар мавриди масҷиди муҳосирашудаи Лаъл ё Сурх мегӯяд, дар дохили он ситезаҷӯёни исломӣ аз кишварҳои хориҷӣ мавҷуданд, ки дигаронро ба ҳайси гаравгон нигаҳ медоранд.


Дар ин байн рӯҳонии масҷид Абдурашид Ғозӣ гуфтааст, муҳосирашудагон таслим нахоҳанд шуд. Вай ҳамчунин гуфтааст, ки бар асари ҳамлаҳои мушакии нерӯҳои давлат зиёда аз 300 нафар кушта шудааст. Аммо дар посух ба ин гуфтаҳои Ғозӣ муовини вазири иттилооти Покистон Ториқ Азим ба хабарнигорон чунин иттилоъ дод: «Ман гуфта наметавонам, ки онҳо чи қадар талафот додаанд ва оё дар дохили масҷид чи теъдод ҷасад мавҷуд аст. Мо арқоми гуногунро аз дохил мешунавем. Субҳи имрӯз гуфта шуд, ки аз сесад то чорсад нафар кушта шудаанд. Аммо дар беруни масҷид ҷасади 26 нафар аз толибилмон ёфт шудааст. Ман фикр мекунам, набояд арқомеро, ки ҷаноби Ғозӣ баён медорад, ҷиддӣ гирифт».


Дар ҳамин ҳол мақомоти кишвар ба ошӯбгарон ихтори қатъӣ додаанд, ки занону кӯдаконеро, ки дар масъид ҳамчун як сипари зинда нигоҳ дошта мешавад, фавран озод карда шавад ва худи ошӯбгарон ҳам бидуни ягон қайду шарт таслим шаванд - чун дар акси ҳол ҳамаи ошӯбгарон кушта хоҳанд шуд.


Муовини вазири иттилооти Покистон изофа кард, ба қавли онҳое, ки аз масҷид берун омадаанд, дар дохил теъдоде аз ҷангҷӯёни хориҷӣ ва террористон ҳузур доранд.
XS
SM
MD
LG