Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ ва СБМ: барномаи нави ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон


Теъдоде аз муҳоҷирони кории тоҷик, ки аксаран ба Русияву Қазоқистон мераванд, мавриди истисмор ва қочоқ қарор мегиранд. Аз ҳамин сабаб Барномаи рушди СММ ва Созмони байнулмилалии муҳоҷират барномаи наве дар Тоҷикистон оғоз кардаанд, ки ҳадаф аз он маҳз ҷилавгирӣ аз қочоқи инсон будааст.


Барои ин лоиҳа, ки дар водии Рашт иҷро хоҳад шуд, давлати Ҷопон як миллион доллар ҷудо кардааст.


Тибқи иттилоъи расмӣ, дар доираи ин лоиҳа барои наздикони муҳоҷирони кории водӣ, махсусан бонувон, ҷойҳои кории нав таъсис дода мешавад.
XS
SM
MD
LG