Пайвандҳои дастрасӣ

100 кушта ва 250 маҷрӯҳ дар пайи як инфиҷор дар Ироқ


Дирӯз инфиҷори мошини бомбгузоришуда беш аз 100 нафар кушта ва ҳудуди 250 нафари дигар маҷрӯҳ ба ҷой гузошт.


Гуфта мешавад, таркиш дар як бозори кушодаи шаҳри Амирлӣ, воқеъ дар шимоли Ироқ, ба вуқӯъ пайваста, ҳамчунин мағозаҳову хонаҳои хурдро хароб ва мошинҳои зиёдеро дар коми оташ нобуд кардааст.


Ба иттилоъи пулиси Ироқ, зоҳиран ҷасадҳои зиёди дигаре ҳанӯз зери овор мондаанд.


Ироқ аз моҳи апрел то кунун шоҳиди чунин бомбгузории маргборе нашуда буд.
XS
SM
MD
LG