Пайвандҳои дастрасӣ

Масҷиди Лаъл таслим шуданӣ нест


Тирпарронӣ миёни нерӯҳои амниятӣ ва толибилмони мадраса ҳамоно идома дорад. Ҳамчунин дар бораи чанд таркиш дар канори ин масҷид хабар дода мешавад.


Дар ҳамин ҳол, имрӯз Парвиз Мушарраф, раиси ҷумҳури Покистон, аз ошӯбгарони масҷиди Лаъл даъват кард, ки фавран силоҳ ба замин гузоранд ва таслим шаванд, дар акси ҳол онҳо нобуд хоҳанд шуд.


Ба иттилоъи хабаргузориҳо, раҳбари афроди дар масҷид боқимонда Қозӣ Абдуррашид талаби таслим ба нерӯҳои амниятии кишварро рад карда, гуфтааст, ки онҳо маргро авлотар медонанд.


Як рӯз пеш мақомоти Покистон гуфта буданд, ки бо афроди дар масҷид буда гуфтушунид хоҳанд кард. Ва аммо муовини вазири иттилооти кишвар Тариқ Азим изҳор намудааст, ки бо ифротгароён ягон хел музокирот сурат нахоҳад гирифт.


Духтарони донишҷӯ дар кӯчаҳои атрофи масҷид намоишҳои эътирозӣ доир карданд ва мардҳо сӯи низомиёну пулис тир андохтанд. Гуфта мешавад, ки Лаъл Масҷид ва ё


Гуфта мешавад, масҷиди Лаъл солҳои ахир ба маркази ҷунбиш барои ҷорӣ кардани қавонини шариъат дар Покистон табдил шуда буд. Шогирдони мадраса дар навбати худ кормандони пулис ва афроди аз нигоҳи онҳо фосиқро ба гарав мегирифтанд.


То имрӯз бар асари даргириҳо дар атрофи Лаил-масҷид тақрибан 20 нафар кушта шуданд.
XS
SM
MD
LG