Пайвандҳои дастрасӣ

Оғози мурофиаи додгоҳии 8 гумонбар


Имрӯз дар Лондон мурофиаи додгоҳии яке аз 8 гумонбари таҳияи таркишҳо дар Лондон ва Глазго шурӯъ шуд.


Яке аз муттаҳамин Билол Абдулло, шаҳрванди 27-солаи Ироқ, мебошад, ки мехост рӯзи 30 июн ҳамроҳ бо як ҳампаймонаш мошини ҳомили маводи таркандаро дар даромадгоҳи фурӯдгоҳи шаҳри Глазго мунфаҷир кунад.


Гуфта мешавад, бо гумони даст доштан дар таҳияи ҳамлаҳои террористӣ дар Лондон ва Глазго 8 нафар дастгир шудаанд, ки онҳо табибанд ва ё дар донишгоҳҳои тиббии Бритониё таҳсил мекарданд.
XS
SM
MD
LG