Пайвандҳои дастрасӣ

Идомаи ташаннуҷ дар атрофи масҷиди Сурхи Покистон


Аммо Мавлоно Ғозӣ Абдулрашид, муовини раҳбари Масҷиди Сурх аз нерӯҳои амниятии Покистон хостори қатъ кардани оташкушоӣ ба ҳангоми намози ҷумъа шуд, то ӯву пайравонаш тавонанд адои фарз кунанд.
Ғозӣ Абдулрашид афзудааст, ки бар асари ҳамалоти рокетии низомиёни урдуи Покистон теъдоди кушташудагону захмиён миёни талабаву толибагон афзуда, як қисмати масҷид низ хароб шудааст. Вай афзуд:

“Дар дохили Масҷиди Сурх ҳудуди 50 ва дар мадрасаи Ҷомиаи Ҳафсо ҳудуди 20 ҷасади талабагон мавҷуд аст”

Мақомоти Покистон мегӯянд, ҳудуди 1 500 талаба дар Масҷиди Лаъл ва мадрасаи Ҷомиаи Ҳафса аз сӯйи Мавлоно Ғозӣ Абдулрашид ва гаравгон гирифта шудаанд. Аммо як толибаи мадрасаи Ҷомиаи Ҳафса дар тамоси телефонӣ ин иддаъоро рад карда гуфт: “Мо бо ихтиёри худ дар дохили мадраса қарор дорем. Худам ва дигар духтарони мадраса ба ризоияти хеш ин ҷо мебошем. Ва ҳамчунин бо ризоияти хеш мадрасаро тарк намекунем”

Дар ҳамин ҳол, волидайни талабагон се рӯз ба ин сӯ дар атрофи Масҷиди Сурх ва Ҷомиаи Ҳафса ҷамъ омада, мекӯшанд фарзандонашро аз он ҷо берун оранд. Падари як талаба мегӯяд: “Ман ба писарам ба дохили Масҷиди Сурх занг задам. Ӯ гуфт, ки се рӯз ба ин сӯ мехоҳад аз дохили масҷид берун ояд, аммо раҳбаронамон ба мо иҷозаи берун рафтанро намедиҳанд.”

Тибқи иттилоъи мақомоти Покистон, тайи се рӯз ҳудуди 1 500 талабаи Масҷиди Сурх ва Ҷомиаи Ҳафса ба мақомоти ҳукуматӣ таслим шудаанд. Мақомоти Покистон гуфтаанд, ҳар талабае, ки аз масҷиду мадраса берун меоянд, ба истиснои духтарон вазифадоранд, либоси худро бадар кунанд, аммо Ғозӣ Абдулрашид метавонад бо либоси мукаммал берун ояд ва танҳо байрақи сафед дар даст дошта бошад.

Дар посух ба ин тақозои мақомот Ғозӣ Абдулрашид гуфт, ҳеҷ гоҳ таслим намешавад ва шаҳодатро қабул дорад.
Даргириҳо миёни нирӯҳои амниятии Покистон ва раҳбарону талабагони Масҷиди Сурхи Исломобод се рӯз қабл заданд. Далели сар задани ин хушунат он буд, ки бошандагони Масҷиди Сурх аз озод кардани шаҳрвандони хориҷӣ ва кормандони амниятӣ, ки дар асорати онҳо буданд, саркашӣ карданд. Даргирӣ миёни нирӯҳои пулис ва бошандагони Масҷиди Сурх то ба ҳол ба иттилоъи расмӣ, ҳудуди 15 кушта ва 200 захмӣ ба ҷой гузоштааст, ки аксаран талабагон мебошанд.

Масҷиди Сурхи Исломобод ҳомили ду мадраса, яке мардона ва дигаре занона мебошад. Рӯҳониён ва донишҷӯёни тундрави ин масҷид на як бору ду бор аз ҳукумати низомии Парвиз Мушарраф тақозо намудаанд, ки ҳаводори Шариат, ё худ қавонини ислом бошад. Тайи чанд моҳи охир дар Исломобод як қатор ҳамлаҳо ба дӯконҳои фурӯши шароб ва наворҳои видеоӣ низ аз сӯйи донишҷӯёни Масҷиди Сурх сурат гирифтааст.

Шоҳ Абдулазиз, узви порлумони Покистон ва намояндаи ҳизби мухолифи давлат ба унвони Маҷлиси Муттаҳиди Амал, ки барои сӯҳбат ба назди Ғозӣ Абдулрашид дохили Масҷиди Сурх рафта буд, мегӯяд, ӯ худ шоҳиди он будааст, ки ҳудуди ҳазор талабаву толиба бо ӯянд ва намехоҳанд ӯро тарк кунад. Шоҳ Абдулазиз ба нақл аз Ғозӣ Абдулрашид мегӯяд: “Ман аз онҳо ҳар лаҳза хоҳиш мекунам, ки бираванд. Ман намехоҳам хуни бегуноҳи як кӯдак ва як талабаро бар гардан бигирам. Ба духтарон ҳам мегӯям, ки вазъ хуб нест, кушта мешаванд. Аммо кӯдакон, талабагон ва толибагон гиря мекунанд. Ин ҷо як мотам аст. Шогирдон мегӯянд, ки мо намеравем ва бо ту мебошем.”

Ториқ Азим, муовини вазири иттилооти Покистон мегӯяд, ин ҳарфҳоро бародари калонии Ғозӣ Абдулрашид ҳам мегуфт, аммо дирӯз хост бо либоси занона аз масҷид фирор кунад, ки боздошт шуд. Вай афзуд, агар Ғозӣ Абдулрашид як зарра инсон бошад, шогирдони дар гаравгон бударо раҳо мекунад. Ториқ Азим гуфт, акнун ҳукумати Покистон шадидан тақозо мекунад, ки раҳбарону талабагони Масҷиди Сурх ва Ҷомиаи Ҳафса таслим шаванд:

"Сиёсати мо ин буд, ки ин кор дустона ҳал шавад, аз роҳи музокирот. Аммо, муттаасифона, он натиҷаи дилхоҳ надод. Барои ҳамин ҳоло дигар ҳеҷ гуна музокира нахоҳад буд. Онҳо бояд саросар таслим шаванд, бидуни ҳеҷ шарт.”

Дар ҳамин ҳол коршиносони Покистон мегӯянд, ҳукумати ин кишвар ҳақ надорад алайҳи раҳбарон ва шогирдони масҷиду мадраса аз силоҳ истифода кунад. Доктор Форуқхон, яке аз уламои машҳури мазҳабии Покистон мегӯяд: “Ҳукумат метавонист 4 моҳ пеш ин хушанатро пешгирӣ кунад. Аммо коре, ки шуд, шуд. Акнун боз зарур аст масҷиду мадраса таҳти муҳосираи шадид қарор ёбанд, газу барқ ва обу нонро ба он ҷо бояд қатъ кард. Мебинед, ки тайи 10 15 рӯз бӯҳрон ҳалли худро пайдо хоҳад кард. Аммо ба ҳеҷ ваҷҳ набояд аз силоҳ истифода шавад, зеро ин ба обрӯи Покистон нуқс меорад.”

Тибқи гузоришҳои то ин соат, вазъ дар атрофи Масҷиди Сурх ва мадрасаи Ҷомиаи Ҳафса ҳанӯз муташанниҷ аст.
XS
SM
MD
LG