Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Роҳандозии ёрии тиббӣ ба муҳоҷирони тоҷик


Алмаато. Дар Қазоқистон тарҳи наве дар мавриди расонидани ёрии тиббӣ ба муҳоҷирони тоҷик рохандозӣ шуд. Ин тарҳ бо ёрии молии бахши тоҷикистонии Институти ҷомиаи боз, яъне Бунёди Сорос шурӯъ аз аввали ҳамин моҳ пиёда мегардад.

Ин тарҳ дар як мизи гирде, ки дар Хонаи дӯстии Маҷмаи халқҳои Қазокистон бо ибтикори Анҷумани тоҷикони Қазоқистон бо номи Сомониён баргузор гардид, мавриди баррасии аҳли нишаст қарор гирифт. Дар ин мизи гирд намоянда гони Сафорати Тоҷикистон, кормандони масъули ниходҳои ҳифзи сиҳати оммаи шаҳри Алмаато ва намояндагони итттиходияҳои гуногуни фарҳангии Маҷмаи халкҳои Қазоқистон ва меҳмонон-- кормандони созмонҳои байналмилалии воқеъ дар Тоҷикистон ширкат доштанд.
Тавре Акбаршо Искандаров - сафири Тоҷикистон дар Қазоқистон гуфт, тарҳи расонидани ёрии тиббӣ аз ҷониби Бунёди байналмилалии Сорос идомаи чанд лоиҳаи дигарест, ки бо ёрии молии ин созмони байналмилалӣ пиёда мегардад. Ба гуфтаи оқои Искандаров каблан ин бунёд шурӯъ аз соли 2004 ду лоиҳа, яке марбут ба расонидани ёрии ҳуқуқӣ ва иттилоотӣ ва дигаре дар мавриди ташкил кардани мактаби рӯзи якшанбе ё мактаби омӯзиши забон ва таъриху фарҳанги тоҷикро пиёда намуд.

Дар мизи гирд таъкид шуд, ки ба ҷузъ расонидани ёрии хуқуқӣ муҳоҷирони точик ба ёрии тиббӣ ниёз доранд. Зеро аз надонистани ҳуқуқҳои хеш онон агар гирифтори беморӣ шаванд, ғолибан ба пизишкон муроҷиат намекунанд ва дар натиҷа онҳо ба ҳолатҳои вазнин меафтанд. Аз сӯи дигар бо назардошти паҳншавии бемориҳои вараҷа, домана ва бемории басо хатарнок ВИЧ/СПИД дар Тоҷикистон ин ба масъалаи доғи рӯз табдил ёфтааст.
Тибқи ин тарҳ, дар назар аст, масъулин байни 200 нафар муҳоҷирони тоҷик дар Қазоқистон пурсише гузаронида, муҳимтарин паҳлӯҳои ин масъаларо муайян намоянд ва бар пояи ин пажӯҳиш ҷиҳати беҳбуд бахшидани ёрии тиббӣ ба муҳоҷирон назару пешниҳоди хешро ба ниҳодҳои марбутаи Қазоқистон ироа карданианд.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG