Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Донишҷӯ Вазорати маорифро ба додгоҳ кашид


Давлатмоҳ Исмоилова Вазорати маориф ва Донишкадаи забонҳои шаҳри Душанберо барои манъ кардани ширкати донишҷӯёни ҳиҷобпӯш дар дарсҳо ба додгоҳ кашидааст. Вай фармони вазири маориф ва қарори донишгоҳро дар ин замина навъе аз нақзи ҳуқуқи башар медонад.


Қарор буд, ки 6-уми июл дар Додгоҳи ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе баррасии даъвои ин донишҷӯдухтар алайҳи вазорати маориф ва донишкадаи забонҳо оғоз меёфт. Вале додраси парванда бо сабаби маризии котибаи мурофиаи мазкур замони ин муҳокимаро ба 9 июл таъин кард.


Ин нахустин бор аст, ки дар Тоҷикистон як шаҳрванд як вазоратро ба додгоҳ мекашад. Давлатмоҳ Исмоилова, муҳассили факултаи забони арабии Донишкадаи забонҳо ва ҳамзамон фориғуттаҳсили Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, мегӯяд, бо судури фармони вазири маориф дар бораи сару либоси ягонаи донишҷӯӣ, раёсати Донишкадаи забонҳо бо сатру ҳиҷоб вориди мактаб шудани ӯро мамнӯъ кардааст. Хонум Исмоилова манъи ҳиҷоб дар мадорисро муғойир ба қонуни асосии кишвар дониста, аз додгоҳ тақозои бекор кардани фармони вазири маорифро кардааст.


Шӯҳрат Қудратов, вакили мудофеъи хонум Исмоилова мегӯяд, Қонуни маориф ин салоҳиятро ба вазорати маориф надодааст, ки сару либоси ягонаи мактабиро муайян ва риояи онро талаб кунад. Ва аммо намояндаи ҷониби ҷавобгар, яъне вазорати маориф, ҳуқуқшинос Қурбон Қурбонов гуфт, воқеъан бо ҳиҷоб ҳозир шудан ба донишгоҳ мумкин нест ва аз ин ба баъд тасмим гирифта шудааст, ки ҳар довталаб бояд қабл аз шомил шудан ба донишгоҳ бо ин қоида шинос шавад. Қурбонов афзуд, фармони вазири маориф дар бораи сару либоси ягонаи донишҷӯӣ хилофи қонун нест.


Бо ин ҳама, додрас Раҳматов аз сӯҳбат бо расонаҳои хабарӣ худдорӣ варзид.

Носирҷони Маъмурзода, Душанбе
XS
SM
MD
LG