Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Украина ва НАТО: дурнамои ҳамкориҳо


Бруссел Наталя Викулина Агар таҳаввулоти ахири Украина баъзеҳоро дилсарду наумед карда бошад, аммо Дабири кулли Паймони низомии НАТО гуфт, ки вазъи имрӯзаи ин ҷумҳурии собиқ шӯравӣ шаҳодати то ба дараҷаи як низоми солими демократӣ расидани он мебошад.

Яап Де Ҳуп Скеффер дар айни замон таъкид кард, ки мизони ҳамкориҳои дуҷонибаи миёни Киеву НАТО мутаносибан афзоиш меёбад: "Шумо имрӯз дар Украина ҳар чи бештар вориди баҳсҳои созандаву ҷиддӣ мешавед, ки қаблан мушоҳида намешуд. Бо ҳамаи паёмадҳояш, ман ба баҳсҳои сиёсӣ бо чашми нек менигарам. Ман вориди баҳси сиёсӣ нахоҳам шуд, барои он ки ин масоил, ба вижа он чи ки ба Украина марбут аст, аз ман вобаста нест. Аммо дар айни замон бояд гуфт, ки ҳамкориҳо тавсеа меёбанд. Ба ман як дигар муттафиқи НАТОро мисли Украина нишон диҳед, ки дар ҳама амлиёт ва ҳайатҳои НАТО ҳузур дошта бошад, ман дигар чунин як кишварро намедонам"

Аммо бо васфи ин ҳама, Яап Де Ҳуп Скеффер гуфт, ки раҳбарони Украина набояд аз ин ҳарфҳо қаноатманд шуда, дигар кореро анҷом надиҳанд. Вай гуфт, ки ин кишвар бояд дар самти навсозии артиши миллӣ, сохторҳои амниятӣ, ислоҳи низоми дифои кишвар кори зиёде ба сомон расонад.

Дар ҳоле, ки раиси ҷумҳурии Украина Виктор Юшенко хеле зиёд хостори узвияти кишвараш дар ҳайати НАТО мебошад, пурсишҳои афкори умум дар ин охирҳо нишон медиҳад, ки аксар шаҳрвандону сокинони ин кишвар мухолифи ин ақида ҳастанд. Ва ин мавқеъ комилан баръакси пурсишҳо роҷеъ ба барномаҳои узвияти Украина дар ҳайати Иттиҳодияи Аврупо аст. Яап Де Ҳуп Скеффер гуфт, ки намехоҳад ба баҳсҳои дохилии Украина дар заминаи хоҳиши узвияти он дар НАТО мудохила кунад: "Ман ҳеҷ гоҳ дар робита бо пурсишҳои афкори умум назар намедиҳам, аммо медонам, ки дар Украина гурӯҳе ҳаст, ки ба масъалаи узвияти НАТО нигоҳи интиқодӣ дорад, ва ин ҳақи онҳост. Ман бори дигар мегӯям, ки вориди баҳси марбут ба Украина нахоҳам шуд. Тавре ман дар конфронси видеоӣ дақиқае пеш гуфтам, НАТО хокаи либосшӯйӣ нест. Ман ба Украина барои фурӯши НАТО намеравам. Шумо Украинаро ба фурӯш намегузоред. Шумо ташреҳ медиҳед, ки мафҳуми НАТО чист"

Раҳбари НАТО ба ин андеша аст, ки баъзе гурӯҳҳои мухолифин дар Украина ба дарки ҳадафҳои ин паймон намераванд: "Ба андешаи ман, мо бояд бо онҳое кор кунем, ки аз НАТО танқид мекунанд ва мо бояд дар ин замина кӯмак ва ёрии худро дареғ надорем, аз ҳамин хотир ҳам мо дар Киев дафтари худро дорем, то ки онҳо бештар роҷеъ ба НАТО бидонанду роҷеъ ба фаъолиятҳои НАТО иттилои беҳтар дарёфт кунанд".

Де Ҳуп Скеффер дар айни замон нигарониҳои бархе кишварҳо, мисли Русияро аз тавсеаёбии НАТО рафъ кард, ки мегӯянд, чунин барномаҳо боиси ташаннуҷи вазъи амниятии минтақа хоҳад шуд. Вай гуфт, ки узвият дар НАТО аз хоҳиши мардум бастагӣ дорад ва тавсеъи НАТО аз нигоҳи ӯ, ҳеҷ гоҳ ба касе ё ба кишваре хатар эҷод намекунад.
XS
SM
MD
LG