Пайвандҳои дастрасӣ

Шикваи ақаллиятҳои мазҳабии Тоҷикистон


22 гурӯҳи мазҳабии ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон зимни номае ба раиси ҷумҳури Тоҷикистон, порлумон ва Кумитаи умури дини Вазорати фарҳанги ин кишвар аз пешнависи "Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои мазҳабӣ" изҳори нигаронӣ карданд. Ба назари онҳо ин қонун адои озодонаи фароизи мазҳабии онҳоро маҳдуд мекунад.

Дар пешнависи қонун барои ақаллиятҳои мазҳабӣ дар ноҳияҳо, шаҳрҳо ва шаҳри Душанбе квота муқаррар шудааст. Тибқи он чунин гурӯҳҳо дар ноҳияҳо бо доштани 400 узв метавонанд муассисаи мазҳабӣ ташкил кунанд. Барои шаҳрҳо ин шумора 800 нафар ва барои пойтахт, яъне шаҳри Душанбе 1200 нафар муқаррар шудааст. Агар таркиби миллии аҳолӣ дар саросари Тоҷикистон ва ноҳияҳои онро дар назар бигирем, дар он сурат ҳангоми ташкили муассисаи мазҳабӣ, аз қабили калисо ё ниёишгоҳҳо ақаллиятҳои мазҳабӣ дар ноҳияҳо ва баъзе шаҳрҳо ба душворӣ рӯ ба рӯ мешаванд.


Паём Фуруғӣ-як мақоми расмии намояндагии САҲА дар Тоҷикистон бо назардошти ин нуктаи пешнависи қонун ба радиои Озодӣ гуфт, нодида гирифтани манофеъи мазҳабии ақаллиятҳои миллии сокини Тоҷикистон хилофи муқаррароти байналмилалӣ, аз ҷумла асноди ҳуқуқии САҲА аст. Дар баъзе аз ноҳияҳо ва шаҳрҳои Тоҷикистон шумораи ақаллиятҳои мазҳабӣ ба шумораи пешбинишуда дар пешнависи "Қонун дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои мазҳабӣ" дуруст намеояд. Дар чунин ҳолат ақаллиятҳои мазҳабии чанд ноҳия бояд бо ҳам муттаҳид шаванд, то муассисаи динии худро дошта бошанд. Вале чунин кор аз имкон берун аст.

Дар Тоҷикистон аксари аҳолиро мусулмонон ташкил мекунанд. Вале ба ҷуз аз мусулмонон ақаллиятҳои мазҳабӣ, аз қабили насрониён ё масеҳиён, зардуштиҳо, баҳоиҳо, яҳудиҳо, буддоиҳо ва амсоли он низ ба сар мебарнд.
XS
SM
MD
LG