Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имконоти фанноварӣ дар густариши ҳамкориҳо


sg

Имрӯз дар Душанбе конфронси минтақавӣ дар мавзӯъи «Роҳҳалли бози пешбурди стротегияи таъмини барномавии озоду боз дар Осиёи Марказӣ» , ки ба ибтикори бунёди «Ҷомиъаи боз»-и Сорос доир мегардад, ба кори худ шурӯъ мекунад.


Гуфта мешавад, дар он беш аз 50 барномасоз, намояндагони созмонҳои байнулмилалӣ ва мутахассисони соҳаҳои фанновариҳои иттиллоъотиву мухобиротӣ аз кишварҳои Осиёи марказӣ ва Ҳиндустону Афғонистон барои таҳияи стротежии миллии рушд дар Осиёи марказӣ гирди ҳам меоянд.


Коршиносон мегӯянд, ин ҳамоиш ба густариши ҳамкориҳо ва истифодаи имконоти фанноварии иттилоъотиву мухобиротӣ дар соҳаҳои маориф ва илму фарҳанги кишварҳои минтақа нигаронида шудааст.
XS
SM
MD
LG