Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

САҲА ҳамкориҳояшро бо кишварҳои Осиёи марказӣ тавсиъа бахшиданист


Дар Киев, пойтахти Украина, ҷаласаи 16 уми Маҷмаъи парлумонии Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо идома дорад. Яке аз мавзӯъҳои асосии ин нишаст рушди ҳамкориҳои Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқоз аст.


Масъулини Маҷмаъи парлумонӣ мегӯянд, Созмони Амният ва Ҳамкории Аврупо ягона ниҳоди байнулмилалиест, ки дар он мамолики Амрикои Шимолӣ, Осиёи марказӣ, Қафқоз ва Аврупо узвият доранд.


Гуфта мешавад, ин ҳамкорӣ дар рушди демократия ва ҳуқуқи башар дар Осиёи Марказӣ пешрафти назаррас ба бор овардааст, вале терроризм, фасод ва заъфи ҳокимияти қонун ҳамоно ба рушди минтақа мониъа эҷод мекунад.


Тоҷикистонро дар Маҷмаъи парлумонии САҲА сафири Тоҷикистон дар ин созмон ва Австрия Нуриддин Шамсов намояндагӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG