Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ағбаи Анзоб барои нақлиёт боз шуд


Вазорати нақлиёти Тоҷикистон хабар дод, ки ҳаракати нақлиёт дар шоҳроҳи Душанбе - Хуҷанд, ки бар асари сел як минтақаи ин роҳ ҳашт рӯз баста буд, аз нав имконпазир гардид. Минтақаи тахрибдидаи роҳ то ҳадди имкон тоза шудаву каме тармим ҳам шудааст.


Гуфта мешавад, барои ба ҳаракати нақлиёт комилан мусоид гардидани қисмати тахрибшудаи роҳ дар ҳоли ҳозир зарурати тармими бештари он вуҷуд дорад, зеро, ба қавли масъулини роҳсозии минтақа, ҷорӣ шудани оби рӯдхонаи Фондарё аз рӯи он ҳамоно идома дорад.
XS
SM
MD
LG