Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Бағдод: Таркишҳо куштаҳо ба ҷой мегузоранд...


Таркиши як мошини бомбгузоришуда дар Бағдод 17 кушта ва 20 захмӣ ба ҷой гузошт.


Ин таркиш дар ноҳияи шиъанишини Абудшири пойтахт ба вуқӯъ пайваст. Аксари кушташудагон, ки миқдорашон ҳанӯз муайян нашудааст, меҳмони як ҷашни арӯсӣ буданд.


Дар қисмати ҷанубии Бағдод бошад аз таркиши як бомби сарироҳӣ ду сарбози амрикоӣ кушта шуданд.


Дар ҳамин ҳол, дар пайи як ҳамлаи чархболи ҷангии амрикоӣ ба шаҳраки Садр чор гумонбари ошӯб ба қатл расиданд.
XS
SM
MD
LG