Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Ҳимояи СММ аз вакили тоҷик


Солеҳҷон Ҷӯраев дар моҳи июни соли 2004-ум, пас аз беэътимодӣ ба баррасии парвандааш дар додгоҳҳои Тоҷикистон ба Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳид муроҷиат намуд.

Ин кумита баъдии баррасии амиқи чандмоҳа дар мавриди бегуноҳии Солеҳҷон Ҷӯраев қарори худро бароварда, ҳамзамон аз мақомоти Тоҷикистон дархост кардааст, то дар муддати се моҳ ин масъаларо баррасӣ ва дар бораи умури анҷомшуда иттилоъро ба ин кумита ирсол кунад.

Аммо, дар ҳоле ки аз ирсоли ин дархост се моҳ сипарӣ шудааст, то ҳол мақомоти зирабти Тоҷикистон ба кумитаи мазкур посухе надодаанд ва дар ин бора ҳарфе ҳам нагуфтаанд.

Мушкили Солеҳҷон Ҷӯраев сари чи буд?

Ёздаҳуми ноябри соли 2003 додгоҳи шаҳри Душанбе таҳти раёсати Намоз Амиров, муовинираиси ин додгоҳ, парвандаи ҷиноии шаҳрванд Олим Ашӯровро баррасӣ ва ӯро дар ширкат ва ҳамкорӣ бо гурӯҳҳои ҷиноятпеша гунаҳкор дониста, ӯро ба муҳлати 20 сол равонаи зиндон мекунад. Ҳамзамон Намоз Амиров вакили дифоъи шаҳрванд Ашӯров Солеҳҷон Ҷӯраевро ба ҷавобгарӣ мекашад. Вале оқои Ҷӯраев қарори додгоҳро ғайримунсифона хонда, моҳи марти соли 2004 бо нашри як матлаб дар ҳафтаномаи русизабони «Вечерний Душанбе» фаъолияти додгоҳии Намоз Амировро мавриди интиқоди шадид қарор медиҳад.

Саидалӣ Сиддиқов, сардабири вақти ҳафтаномаи «Вечерний Душанбе», ба радиои «Озодӣ» гуфт, ки баъди нашри ин мақола Намоз Амиров бо ирсоли як нома аз Додситони кулли Тоҷикистон дархост мекунад, то нисбат ба вакили мудофеъ Солеҳҷон Ҷӯраев парванда боз кунад ва ба миқдори 300 ҳазор сомонӣ аз Ҷӯраев ба фоидаи ӯ ҷарима ситонад. Аммо додситонии кулл аз боз намудани парванда худдорӣ кардааст. Оқои Сиддиқов афзуд, бо вуҷуди ин, додгоҳи устони Хатлон дар пайи як мурофиъаи худ вакили дифоъ Солеҳҷон Ҷӯраев ва сардабири вақти «Вечерний Душанбе» Саидалӣ Сиддиқовро барои, ба назари додгоҳ, таҳқири судя Намоз Амиров гунаҳкор медонад ва аз онҳо ба маблағи 5 ҳазор сомонӣ ҷарима талаб мекунад.

Ҳамакнун, сардабири вақти нашрия «Вечерний Душанбе» аз қарори Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милал истиқбол карда, изҳор кард, ки ба ин тартиб мустақил набудани ниҳоди додгоҳии кишвар дигарбора ошкор гардидааст: «Чун мо ба қарори Додгоҳи олии Тоҷикистон розӣ набудем, бадеҳист, ки ин қарори Кумитаи ҳуқуқи башари Созмони милали муттаҳидро хуш пазируфтем».

Файзинисо Воҳидова, як вакили дигари дифоъ, мегӯяд, ин барои нахустин бор нест, ки Кумитаи ҳуқуқи башар номаи шаҳрвандони Тоҷикистонро мавриди баррасӣ қарор медиҳад. Аммо, аз дидгоҳи ӯ, мушкили аслӣ он будааст, ки ин қарори Кумитаи ҳуқуқи башар дар кишвар пажӯҳиш ва дубора баррасӣ намешавад: «Бубинед, Кумитаи ҳуқуқи башар қарору хулосаҳои худро ба мақомоти давлатӣ пешниҳод мекунад, аммо, мутаассифона, барои иҷро нагардидани ин қарорҳо ҷавобагрие муайян нагардидааст. Бинобар ин, мақомоти давлатӣ аксаран дар иҷрои хулосаҳои Кумитаи ҳуқуқи башар бемасъулиятӣ зоҳир мекунанд».

Ба ин тартиб, кормандони масоъили ҳуқуқ дар Тоҷикистон, бо дарназардошти сарнавишти вакили мудофеъ Солеҳҷон Ҷӯраев, таъкид мекунанд, ки акнун фурсат ва шароите ҳам пеш омадааст, то дар ин кишвар як ниҳоди мустақили байнулмилалӣ, ба мисли мақоми Омбудсмен таъсис дода шавад ва он ба парвандаҳо мунсифона расидагӣ кунад.

Машваратдодашуда

XS
SM
MD
LG