Пайвандҳои дастрасӣ

Чаро Саид Абдуллоҳи Нурӣ Қаҳрамони Тоҷикистон нашуд?


Ҳафтаномаи ҷамъиятиву сиёсии «Фараж» дар нашри тозаи худ бо раиси Ҳизби сотсиал-демократи Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров сӯҳбат ороста, дар бораи муносибаташ ба Узбакистон ва тоҷикони Узбакистон, пайвандии оқои Зойиров бо Хоҷа Аҳрори Валӣ ва Нақибхони Туғрал, саҳми ӯ дар маҳфили сиёсии мавсум ба «Рӯ ба рӯ» дар авохири солҳои 80-ум ва омилҳои истеъфои ӯ аз маснади мушовирии раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар соли 2003 пурсон шудааст. Хуршеди Атовулло, сардабири «Фараж» ва мусоҳиби Раҳматилло Зойиров: «Раҳматилло Зойиров дар сӯҳбат ба ин нукта ишора кардааст, ки ҳангоми фаъолият дар ҷумҳурии Узбакистон ба ӯ пешниҳод кардаанд, ки агар дар шиносномаат миллататро узбак қайд кунӣ, ту имкон дорӣ вазифаи баландтар гирӣ. Вале Зойиров ин чизро рад кардааст. Ҳамчунин Зойиров дар сӯҳбат иқрор шуд, ки ҳунари шеърнависӣ дорад, аввал ба забони узбакӣ менавишт, чун мактаби узбакиро хатм карда буд ва ҳоло шеърҳояш як оҳанги сиёсӣ гирифтаанд ва онҳоро ба забони тоҷикӣ эҷод мекунад. Ба суоли пайвандиаш ба Хоҷа Аҳрори Валӣ Раҳматилло Зойиров зикр намудааст, ки воқеан ҳам аз авлоди ӯ мебошад ва Нақибхони Туғрал ҳам аз пайвандони Валӣ буд. Аз ин рӯ имрӯз Зойиров дар ҷустуҷӯи пайвандони Туғрал аст, то хешовандони худашро ҳам пайдо кунад».

Нашрияи «Миллат» мақолаи Ҳоҷӣ Маҳмудҷони Тӯраҷонзода зери номи «Ҳиҷоб: Аз оғози таърих то кунун»-ро ба табъ расонидааст, ки муаллиф дар ин навишта масъалаи ҳиҷобро аз се назар мавриди баҳсу баррасӣ қарор додааст: аз назари таърих, аз назари Қуръон ва фиқҳи исломӣ ва аз назари фоидаҳои ахлоқӣ ва иҷтимоӣ. Муаллифи мақола тасмими раҳбарони иддае аз макотиби ҳамагониву олӣ ба манъ ва ихроҷи духтарони ҳиҷобдорро шадидан маҳкум намуда, менависад: «...ҳиҷоб барои зан масуният аст, на маҳдудият. Яъне каромат, қимат ва арзиши ӯро ҳифз мекунад, на ин ки ҳуқуқҳои инсонии ӯро маҳдуд месозад». Аммо ба навиштаи оқои Тӯраҷонзода, «агар фарҳанги бараҳнагӣ ва беҳиҷобӣ ҷойгузини ҳиҷоб дар ҷомеа шавад, дигар майлу рағбат ва таваҷҷӯҳу арзише дар дили мардон нисбат ба занон боқӣ намемонад ва шумори мубталоён ба бемориҳои хатарзо, мисли Эйч-Ай-Ви, ё СПИД, то чанд маротиб афзун хоҳад шуд».

Ҳафтаномаи русизабони «Вечерний Душанбе» дар ду саҳфа мусоҳибае бо Шерхон Салимов, раиси Ожонси назорати молӣ ва мубориза бо фасоди Тоҷикистон оростааст. Гулнора Амиршоева, сардабири нашрия ва мусоҳиби Шерхон Салимов гуфт, сабаби аслии ташкили сӯҳбат ин буд, ки вақтҳои ахир дар доираҳои тиҷорӣ овозаҳое пайдо шудаанд, ки гӯиё фаъолиятҳои соҳибкорони хусусӣ аз сӯйи Ожонси нави назорати молӣ маҳдуд мешавад. Хонум Амиршоева: «Дар бахши дигари сӯҳбати мо раиси ин Ожонс далелҳои мушаххасеро доир ба мавориди ришватситонӣ дар миёни ходимони давлатӣ, мақомоти интизомӣ ва молиявӣ ироа кард. Ҳамзамон ба оқои Салимов саволе дода шуд, дар мавриди ин ки Ожонси мазкур бо мансабдороне, ки тиҷорати ғайриқонунӣ доранд, чи гуна мубориза хоҳад бурд? Посухи ин суолҳо ба сурати густарда дар нашрияи мо ҷой дода шудаанд».

«Asia-Plus» аз раиси ширкати муштараки Тоҷикистону Лаҳистон бо номи «ТоҷПолТекс» Витолд Полак чунин нақли қавл кардааст: «Фазои сармоягузории Тоҷикистон барои амалиёти тиҷорӣ бисёр муносиб аст. Ва агар кадом як ширкати сармоягузор натавонист дар ин кишвар кор бикунад, пас танҳо бинобар роҳандозии менеҷменти заиф ва камтаҷрубагиаш муваффақ нашудааст».

Нашрияи «Собития» бо ишора ба ин ки дар ҳафтаи нав нишастҳои матбуотии вазорату идораҳо шурӯъ мешаванд, навиштааст, кормандони мақомоти давлатӣ дигар аз сӯҳбат бо расонаҳои хабарӣ парҳез мекунанд ва бо баҳонаи нишасти матбуотӣ, ки танҳо дар се моҳ як маротиба сурат мегирад, аз пешниҳоди иттилоъ сар мепечанд.

«Наҷот» - нашрияи Ҳизби Наҳзати Исломии Тоҷикистон дар як матлабаш зери унвони «Миллат хидмати фарзандонашро фаромӯш намекунад» навиштааст, аъзо ва пайравони Ҳизби Наҳзати исломӣ интизор доштанд, ки пешвои фақиди ин ҳизб - Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ниҳоятан ба дарёфти унвони Қаҳрамони Тоҷикистон мушарраф мегардад, аммо ин тавр нашуд. Назири Нусрат, котиби масъули «Наҷот»: «Боиси хушнудӣ ҳам буд, ки ба Сайид Абдуллоҳи Нурӣ ордени давлатии «Зарринтоҷ» доданд, аммо мардум аз ин умедвории зиёдтар доштанд, чун устод Нурӣ як ҷониби сулҳ буд ва мешавад гуфт, ки бе ӯ созишномаи сулҳ ҳам ба имзо намерасид. Ҳама интизор доштанд, ки ба муносибати 10-солагии Рӯзи Ваҳдат ба Сайид Абдуллоҳи Нурӣ унвони Қаҳрамони Тоҷикистонро медоданд?»

Трейси Энн Ҷейкобсон, сафири Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Душанбе дар сӯҳбат бо нашрияи русизабони «Факти и комментарии» иқрор кардааст, ки пас аз ба Тоҷикистон омадан, ҳамеша чойи кабуд менӯшад ва медонад, ки ин як расми маъмулии тоҷикон аст. Ҳамзамон хонум Ҷейкобсон қавл додааст, пас аз як соли дигар бо расонаҳои хабарии Тоҷикистон сирф ба забони тоҷикӣ мусоҳиба хоҳад дод.
XS
SM
MD
LG