Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Вокуниши муҳтотонаи НАТО ба тарҳи сипари мушакӣ


Пешниҳоди мазкурро ҳамин ҳафта раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин ҳангоми мулоқоташ бо раиси ҷумҳури Амрико Ҷорҷ Буш дар Майн ироа кард. Аммо мақомоти Паймони Атлантики Шимолӣ мегӯянд, ки ин созмон мустақиман пешниҳоди мазкурро баррасӣ нахоҳад кард.
Рӯзи дуввуми июл раиси ҷумҳури Русия Владимир Путин пешниҳод кард, ки Амрико аз барномаи истиқрори радару мушакҳо дар ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон даст кашад ва аз таъсисоти низомии шабеҳ дар ҷануби Русия истифода кунад. Вай гуфт, ин пешниҳодро бояд дар нишасти Шӯрои Русия ва Нато ва бо ширкати кишварҳои аврупоӣ баррасӣ кард.
Аммо Паймони Атлантики Шимолӣ истиқрори сипари дифоъии Амрикоро кори хусусии танҳо ин кишвар медонад.
Агарчӣ Амрико мегӯяд, истиқрори мушаку радарҳояш дар Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон ба хотири рафъи ҳамлаҳои мушакии кишварҳои саркаш ба мисли Ирон аст, аммо Русия ин сипарро хатаре ба амнияти миллии худ медонад. Давлати Русия таҳдид кардааст, ки дар сурати истиқрори сипари дифоъии Амрико мушакҳояшро ба сӯи кишварҳои аврупоӣ мегардонад.
Агарчӣ кишварҳои аврупоӣ ба гуфтаи Амрико дар робита ба мавҷудияти хатар аз Ирон мувофиқанд, аммо эҳтимоли ихтилофи назар дар масъалаи таъсиси сипари дифоъӣ дар миёни онҳо вуҷуд дорад.
Русияро бисёре аз кишварҳои аврупоӣ бо раҳбарии Олмону Фаронса шарики стротежӣ медонанд. Гузашта аз ин Русия таъминкунандаи аслии Аврупо бо энержӣ маҳсуб мешавад ва ҳамкории он ҳамчун узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал барои ҳадафҳои васеъмиқёси Иттиҳодияи Аврупо бисйор муҳим аст.
Ба ин хотир бисйоре аз аъзои қадимии Иттиҳодияи Аврупо аз эҳтимоли рӯёрӯии дарозмуддат бо Русия метарсанд. Аз сӯи дигар аксари аъзои нави НАТО ва Иттиҳодияи Аврупо мегӯянд, дар баробари Русияи ба қавли онҳо ғайридемократӣ ва таҳдидгар кишварҳо дар ҳар ду созмон бояд муттаҳид бошанд.
Соҳибназарон мегӯянд, пӯшида нест, ки Ҷумҳурии Чех ва Лаҳистон пеш аз ҳама ҷойгир кардани сипари дифоъии Амрикоро ҳамчун кафолати изофии амнияти худ медонанд.
Агарчӣ Амрико пешниҳодоти Русиро қобили баррасӣ хондааст, вале мегӯяд, ки аз таъсиси сипари дифоъиаш дар Аврупо даст намекашад.
Аз ин аст, ки мақомоти НАТО акнун ба марҳилаи мунтазир бошу бубин ворид шудаанд. Тамоми қарорҳои ин созмонро сафирони 26 кишвари узв дар шаҳри Брюссел қабул мекунанд. Расман паймони НАТО бо тавофуқи умуми кишварҳо фаъолият мекунанд, вале дар амалан бисйоре аз қарорҳои он бо хости Амрико содир мешавад.
Дар робита ба истиқрори сипари дифоъи мушакӣ Амрико бар асоси чаҳор мулоҳиза рафтор хоҳад кард ва ҳамаи онҳо барои тазмини ҳимояти комил аз ҳамлаҳои Ирон заруранд.
Амрҳои зарурӣ, ба даст овардани назорати бебаҳси сипари дифоъӣ, ҳамкорӣ бо ҳампаймонҳои наваш дар Аврупои Шарқӣ, ва зарурати ҳифзи ҳамкориҳо бо Русия аст.
Дар дохили НАТО Иёлоти Муттаҳида зери ду фишор қарор хоҳад гирифт, якум аз ҳампаймонҳои Аврупои Ғарбӣ сарчашма мегирад, ки мехоҳанд ҳамкориҳои стротежиашон бо Русия зиён набинад.
Ва дуввум аз кишварҳои Аврупои Шарқӣ, ки метарсанд, ҳар гуна гузашт, ҳар қадар хурд ҳам набошад, сабаби заъиф шудани мавқеи онҳо дар баробари Русия хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG