Пайвандҳои дастрасӣ

Хурӯҷи зардпарварини обӣ дар Файзобод


МШ

Ахиран 78 нафар сокини ноҳияи Файзобод бар асари бемории лептоспироз ва ё зардпарвини обӣ дар бемористони ноҳиявӣ бистарӣ гаштанд.


Гуфта мешавад, ин беморӣ феълан дар ҳудуди панҷ ҷамоати ноҳия ба қайд гирифта шудааст, ки бахши аъзами сироятёфтагонро бошандагони деҳоти Вашгирд ва Меҳробод ташкил медодаанд.


Тибқи иттилоъи Аббос Зардов, мудири шуъбаи эпидемиологии хадамоти давлатии вогиршиносии ноҳияи Файзобод, барангезандаи ин беморӣ ҳайвонот буда, ин мараз ба инсон тавассути оби ошомиданӣ мегузаштааст.


Аббос Зардов марази лептоспирозро хафвнок ҳисобида, изҳор кард, ки дар сурати адами муолиҷа ин беморӣ метавонад инсонро ба маъюбии якумрӣ расонад.


Дар ҳамин ҳол, мутахассисини соҳаи тандурустӣ фарсудагии шабакаҳои обрасонӣ, сифати пасти хлор, аз коронтин нагузаштани чорво, болопӯш надоштани чашмаҳои кӯҳӣ қаноатбахш набудани эмкунии ҳайвонотро аз авомили пайдоиши ин мараз медонанд.


Тибқи иттилоъи масьулини маркази вогиршиносии ноҳияи Файзобод, бемории зардпарварини обӣ дар таййи 56 соли ахир аввалин бор дар ин ноҳия ба қайд гирифта шудааст.

Маҳмуди Шодӣ, ноҳияи Файзобод
XS
SM
MD
LG