Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Пирӯзии таэквондочиёни тоҷик


Ба иттилоъи Мирсаид Яҳёев, раиси Федеросиюни таэквон-до ITF-и Тоҷикистон, ин мусобиқот бо ширкати наздики 200 варзишгари наврас аз Қирғизистон, Қазоқистон ва Тоҷикистон баргузор шуд. Шарафи Тоҷикистонро 13 нафар наврасон аз шаҳрҳои Душанбе ва Турсунзода ҳимоя карданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ мувофиқи вазни худ, бахусус, варзишгарони навраси тоҷик Шоҳрух Исматов, Муҳаммадшарифи Муродзода, Алишер Аҳмадов, Абубакри Бозор, Муҳаммад Наимов ва Таҳмурази Халилӣ маҳорати баланд зоҳир карда, медалҳои тилло ба даст оварданд. Ҳамчунин дастаи Тоҷикистон дар як навъи рақобатҳои дастаӣ бо медали тилло сарфароз гашт.

Ҷаноби Яҳёев мегӯяд, дар тӯли 15 соли ахир 13 варзишгари тоҷик миёни бузургсолон ва 10 нафар байни ҷавонон ба унвони қаҳрамони ҷаҳон даст ёфтаанд.

Раҳбари Федеросиюни миллии таэквон-дои Тоҷикистон , ҳамчунин иттилоъ дод, ки варзишгарони тоҷик дар мусобиқоти бози қаҳрамонии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико байни бузургсолон дар шаҳри Каролинаи Шимолӣ 3 медали тилло, 2 нуқра ва 1 биринҷӣ ба даст оварданд.

Дар рақобатҳои инфиродӣ дар вазни то 64 кг Дилшод Сайфиддинов як медали тилло ва як медали биринҷӣ гирифт. Далер Шарифӣ дар вазни то 71 кг бо як медали тилло ва як медали нуқра мукофотонида шуд. Икром Ғафуров дар вазни то 78 кг бо медали тилло сарфароз гашт. Бахтовар Донизода дар вазни то 64 кг соҳиби медали нуқра гардид.
XS
SM
MD
LG