Пайвандҳои дастрасӣ

Алан Ҷонстон: Озодӣ як лаззати тасвирнопазире дорад...


Алан Ҷонстон ҳамроҳ бо сарвазири собиқи Фаластин ва яке аз раҳбарони ҲАМОС Исмоил Ҳания дар навори телевизион зуҳур кард ва қабл аз ҳама аз онҳое арзи сипос намуд, ки дар раҳояиш саҳм гирифтаанд. Ӯ рӯзҳои зери панҷаи одамрабоён қарор доштанашро ин гуна арзёбӣ кард:

16 ҳафтаи ахир, бидуни шубҳа, сангинтарин дар зиндагии ман буданд. Ман гӯё зинда дар гӯр будам, аз ҳаёти воқеӣ канор уфтода будам. Гоҳ-гоҳе маро тарс медоданд. Ман зери дасти афроди хатарнок ва пешгуинашаванда қарор доштам- басо ваҳшатнок аст агар кас намедонад, ки ин ҳама кай ва чӣ гуна поён меёбад.

Хабарнигори Би-Би-Си Алан Ҷонстон -- зимнан, ягона хабарнигори хориҷие, ки фақат дар навори Ғаза кор мекард, рӯзи 12 март рабуда шуд. Одамрабоён эълом доштанд, ки онҳо мансуб ба гурӯҳи Артиши исломанд ва раҳоии ҳама зиндониёни мусалмон аз маҳбасҳои Британияро талаб доранд. Дар акси ҳол, ҳушдор доданд онҳо, Алан Ҷонстон ба қатл хоҳад расид.

Хабарнигори Би-Би-Си дар нахустин сӯҳбат баъд аз раҳоӣ гуфт, ҳамарӯза тайи 24 соат ӯ пой дар занҷир буд ва аммо азияташ намекарданд. Ним соат пеш аз озодӣ бошад одамрабоён лату кӯбаш кардаанд.
Ҳафтаи гузашта гурӯҳи Артиши Ислом сабти видеоии Алан Ҷонстонро пахш кард, ки дар он хабарнигор камарбанд бо маводи тарканда дар миён дошт. Ӯ гуфт, ки агар барои озод карданаш ҳамлае сурат бигирад, одамрабоён камарбандро инфиҷор хоҳанд кард. Волидайни хабарнигор Грэм ва Маргарет Ҷонстон, ки дар Шотландия ба сар мебаранд, хабари озод шудани писарашонро бо шодиву нишот истиқбол карданд. Падари Алан гуфт:

Хурсандии мо беҳадду канор аст. 114 рӯзи гузашта рӯзҳои даҳшатнок буданд ва мо фақат садояшро мешунидем -- ӯ ба мо аз як бинои зеризаминӣ занг мезад ва дар пасманзари гуфтугӯ шӯру ғавғо ба гӯш мерасид. Ӯ мегуфт, салом падар ва ман мегуфтам, садом писарам. Ҳолат хуб аст? Ӯ мегуфт, ки сад дар сад хубам. Баъд аз ин робита қатъ мешуд. Ин буд он чӣ, ки дар борааш медонистем ва баъдан ӯро дар телевизион дидем, ки ғайримуқаррарӣ буд. Ин 114 рӯзи барои мо басо тулонӣ буданд.

Баъд аз рабуда шудани Алан Ҷонстон даҳҳо ҳазор нафар бо тақозои озодӣ бахшидан ба ӯ ба хиёбону майдонҳо рехтанд. Алан гуфт, ҳама рӯйдодҳоро аз родиое мешунид, ки ба он тақрибан баъд аз ду ҳафтаи гаравгонияш дастрасӣ пайдо кард. Дар ҳамин ҳол масъулини ҲАМОС гуфтанд, ки дар мавриди раҳоии Алан Ҷонстон бо одамрабоён ягон муомилот сурат нагирифтааст. Исмоил Ҳания -- сарвазири собиқи Фаластин ва яке аз раҳбарони ҲАМОС иброз дошт, озод шудани хабарнигор ба тағйири ақида дар бораи мардуми Фаластин мусоидат хоҳад кард:

Ба хатми муваффақи қазия кори ҷиддиву сангин мусоидат кард, мо аз хирад ва ақли солим кор гирифтем. Ин ҳама ба мо кумак кард то вазъ барои фаластиниҳо сазовор ҳаллу фасл шавад ва ақидаҳо дар бораи мардуми фаластинро беҳбуд бахшид.
XS
SM
MD
LG