Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сочӣ - мизбони Олимпиадаи соли 2014


Чунин тасмимро Кумитаи байнулмилалии олимпӣ (КБО) шоми дирӯз, ки ба соати 4-и субҳи имрӯзи Тоҷикистон рост меояд, дар ҷаласаи 119-уми худ дар пойтахти Гватемала эълом кард.


Гуфта мешавад, яке аз се довталаби ниҳоии сабқати мизбонии Олимпиадаи мазкур шаҳри Сочии Русия танҳо дар раъйдиҳии дувуми вакилони КБО ороъи бештарро дарёфт намуда, барандаи ин сабқат гардид. Шаҳри Сочи дар марҳилаи ниҳоӣ сабқатро аз Пёнчанги Кореяи ҷанубӣ ва Залтсбурги Австрия бурдааст.


Қобили тазаккур аст, ки баҳри ба даст овардани ин пирӯзии усулӣ худи президенти Русия Владимир Путин ҷиҳати иштирок дар ҷаласаи барои кишвараш ба гунае тақдирсози Кумитаи ҷаҳонии олимпӣ шахсан ба Гватемала сафар кард. Ҳарчанд ӯ қабл аз шурӯъи раъйдиҳӣ ин кишварро тарк кард, вале ба намояндагони кумита таъйид кард, ки ҳукумати Русия барои бунёди варзишгоҳҳо дар Сочӣ 12 миллиард доллар харҷ хоҳад кард.


Ёдовар мешавем, ки дар маҷмӯъ 7 шаҳри сайёра довталаби қабули Олимпиадаи зимистонаи соли 2014 буданд: ба ҷуз аз се шаҳри номбаршуда ҳамчунин шаҳрҳои Алматӣ (Қазоқистон), Боржомӣ (Гурҷистон), София (Булғористон) ва Хака (Испониё).


Дар ҳамин ҳол, наздиктарин Олимпиадаи зимистонӣ соли 2010 дар Ванкувери Конодо баргузор мегардад.
XS
SM
MD
LG