Пайвандҳои дастрасӣ

logo-print

Афғонистон: Ҳалокати 20 ҷангҷӯи толиб


Онгуна ки вазорати дифоъи Афғонистон хабар медиҳад, дар бархӯрдҳои ҷудогона дар ҷануби Афғонистон 20 ҷангҷӯй ва як афсари полис ҳалок шудаанд.


Ба гуфтаи Алӣ Шоҳ Аҳмадзай, раиси пулиси шаҳри Ғазнӣ, севуми июл ҷангҷӯёни гурӯҳи «Толибон» болои се посгоҳи ҳукумати Афқонистон ҳамла карданд ва дар ин бархӯрдҳои шадид 13 сарбози толиб, инчунин як афсари пулис кушта шудаанд.


Дар ҳамин ҳол, ба қавли мансабдорони вилояти Зобул, ҳангоми бархӯрди дигари толибон бо нерӯҳои эътилофи байнулмилаливу артиши Афғонистон ҳафт силоҳбадасти дигари мухолифи давлат кушта шудааст.
XS
SM
MD
LG