Пайвандҳои дастрасӣ

Маркази иттилоъотӣ барои мардикорони водии Ҳисор


Субҳи имрӯз Созмони байнулмилалии муҳоҷират дар Тоҷикистон (СБМ) дар ноҳияи Ҳисор Маркази иттилоотӣ барои муҳоҷирони меҳнатиро (МИМТ) ифтитоҳ кард.


Кушодашавии ин марказ дар ноҳияи Ҳисор дар доираи лоиҳаи «Пешгирии ҷараёни муҳоҷирати ғайриқонунӣ аз Тоҷикистон ва мустаҳкам намудани низоми идоракунии муҳоҷират дар Тоҷикистон» бо дастгирии Ҳукумати Норвегия анҷом дода мешавад.


Гуфта мешавад, баланд бардоштани савияи маълумотнокии сокнинони ноҳияҳои Ҳисор, Турсунзода, Шаҳринав ва қисман Рудакӣ дар соҳаи муҳоҷирати меҳнатӣ аз ҳадафҳои асосии ифтитоҳи МИМТ дар Ҳисор мебошад.


Дар ҳамин ҳол, ба гуфтаи масъулини ин марказ, пешкаш намудани маълумоти саҳеҳу дақиқ ва фароҳам овардани сарчашмаҳои маълумоти лозима ба муҳоҷирини меҳнативу васоити ахбори омма, инчунин таҳлили масоъили муҳоҷирати меҳнатӣ ва расонидани кумак ба мақомотҳои давлатии масъули масоъили муҳоҷирати меҳнатӣ номгӯи нопурраи мақсадҳои ташкили Маркази иттилоъотӣ барои муҳоҷирони меҳнатии водии Ҳисор будааст.
XS
SM
MD
LG