Пайвандҳои дастрасӣ

Нигаронӣ аз вуруди адабиёти мазҳабӣ дар Тоҷикистон


Аксар аз китобҳое, ки номгӯи онҳо дар феҳрасти тартибдодаи Вазорати фарҳанг омадааст ва гӯиё марбут ба созмони мамнӯъшудаи Ҳизбуттаҳрир мебошад, бидуни қайди исми муаллиф, макон ва теъдоди нашр ба табъ расидааст. Идораи умури дини Вазорати фарҳанг мегӯяд, дар ин феҳраст номи беш аз 60 китоби гуногунҳаҷм ва 61 варақаи таблиғкунандаи идеоложии Ҳизбуттаҳрир зикр шудааст, ки зимнан набояд аз ин адабиёт дар қаламрави Тоҷикистон истифода шавад.




Саидбеки Маҳмадулло, як масъули Идораи умури дини Вазорати фарҳанг ба радиои Озодӣ гуфт, шумори афзуни адабиёти таблиғкунандаи Ҳизбуттаҳрир, ба мисли «Низоми ҳокимият дар ислом», «Садо аз қаъри зиндонҳо», «Госаппарати халифата», «Пиндорҳои Ҳизбуттаҳрир», «Назарҳои сиёсии Ҳизбуттаҳрир», «Ислом низоми», «Ислом давлати», «Демократия низоми куфр аст» ва ғайра, ба забонҳои узбакӣ ва тоҷикӣ интишор шуда, барои амнияти миллии Тоҷикистон хатар эҷод мекунанд: «Хулосаи мо ҳамин аст, ки адабиёти мазкур дар марҳалаҳои гуногуни амалияи тарғиботии Ҳизбуттаҳрир мавриди истифода қарор дода мешаванд. Ин китобҳо фарогири ақидаҳои ифротӣ, радикалӣ мебошанд, моҳияти экстремистӣ ва таблиғоти ошкорову рӯйирости зидди қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон доранд. Аслан китобе, ки маълумоти комил дар бораи нашр надорад, ғайриқонунист, мукин нест интишор додан онро, мувофиқи қонуни ҶТ «Дар бораи табъу нашр».





Ҳамзамон ба ҷуз ташхиси адабиёти мамнӯъи Ҳизбуттаҳрир, инчунин китобҳои мансуб ба маслаки «Шоҳидони Яҳво»,ки ҳамин ахиран аз сӯй мақомоти интизомӣ мусодира шудааст, мавриди ташхиси Идораи умури дини Вазорати фарҳанг қарор гирифта, истифода, хариду фурӯш ва ворид кардани он ба ҳудуди Тоҷикистон манъ гардидааст. Ба гуфтаи мутахассисони Вазорати фарҳанг, адабиёти мансуб ба равияи «Шоҳидони Яҳво» бо мақсади таҳрифи ояҳои Қуръон ва инкори адёни дигар таълиф шудаанд. Ба ин хотир мақомоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон китобҳои «Шоҳидони Яҳво»-ро, ки ахиран аз Олмон вориди Тоҷикистон шудаанд, муваққатан боздошт ва нигаҳдорӣ мекунад. Абдурасул Шарифов, сухангӯи Хадамоти гумрук: «Як контейнер китоб ва фитаҳои марбут ба дини масеҳӣ аз тарафи ташкилоти динии «Шоҳидони Яҳво» як тоннаву 766 килограмм ё 250 ҳазор нусха аз ин адабиёт ба қаламрави гумрукӣ дохил шуда буд. Аммо Вазорати фарҳанг иҷоза надод, ки он ба ҳудуди Тоҷикистон ворид шавад».




Ва аммо мақомоти Идораи умури дини Вазорати фарҳанг суол мегузоранд, дар ҳоле ки аъзои равияи «Шоҳидони Яҳво» дар Тоҷикистон ҳамагӣ ҳудуди 500 нафаранд, чаро ва бо чӣ мақсад онҳо 250 ҳазор нусха аз адабиёти худро ба ин кишвар ворид кардаанд? Дар ҳамин ҳол, иддае аз коршиносони масоили динӣ мегӯянд, бо ин вуҷуд ки бо баҳонаи таъмини амнияти миллӣ китобу фитаҳои динӣ мусодира ва ҳуқуқи шаҳрвандон ба озодии эътиқод то ҷое маҳдуд мешавад, аммо аз сӯйи дигар таблиғи ғайриқонунии дину оин ва таҳрифи як дин аз сӯйи пайравони дини дигар метавонад адовати байнимазҳабиро ба вуҷуд орад. Зубайдуллоҳи Розиқ, коршиноси масоили динӣ: «Мо аз динҳои суннатӣ пуштибонӣ мекунем, бигузор насрониҳо ва пайравони дигар динҳо низ дар Тоҷикистон бошанд, мо инро манъ карда наметавонем. Аммо ин динҳои навпайдое, ки ба шаклҳои гуногун ва номҳои мухталиф омаданду аз кишварҳои хориҷ маблағгузорӣ мешаванду мардума ба роҳу усулҳои гуногун фиреб медиҳанд, хусусан аз камбизоатии онҳо сӯйиистифода мекунанд. Мо мухолифи онҳоем. Мо тарафдор нестем, ки ин динҳо ба ин гуна озодие, ки мехоҳанд, дар байни мардуми Тоҷикистон ташвиқот баранд. Чун мақсади ниҳоии онҳо танҳо ташвиқоти динӣ нест, ҳадафи аслии онҳо ба гурӯҳҳо, ба фирқаҳо тақсим кардани миллати тоҷик аст ва дар оянда ин ба амнияти кишвари мо метавонад хатар биёрад. Мақомоти амниятии Тоҷикистон бояд ин масъаларо таҳти контрол бигирад».



Мақомоти интизомии Тоҷикистон тасмим гирифтаанд, аз ин ба баъд ҷиҳати ҷилавгирӣ ва манъи вуруди адабиёти мамнӯъи Ҳизбуттаҳрир ва равияи «Шоҳидони Яҳво» чораҳои қатъӣ андешанд ва китобҳое, ки алахусус аз хориҷи кишвар ворид мешаванд, дигар мавриди ташхиси махсус қарор хоҳанд гирифт. Ҳамзамон фурӯши фитаҳои иддае аз пешвоёни мазҳабии Тоҷикистон дар бозору дӯконҳо манъ шуда ва ҳар китобе, ки ба мазмуни динӣ иншо мешавад, қабл аз нашр, аз санҷиши Идораи умури дини Вазорати фарҳанг мегузарад.
XS
SM
MD
LG