Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чаҳор даста - муддаъии Ҷоми футболи Тоҷикистон


«Регар» ТадАЗ-и Турсунзода дар майдони худ бар «Тоҷиктелеком»-и Қӯрғонтеппа бо натиҷаи 3 бар 2, «Динамо»-и Душанбе бар тими мизбон - CSKA «Помир»-и Душанбе бо натиҷаи 5 бар 3 ва «ХИМА»-и Душанбе низ бар дастаи мизбон - «Энергетик»-и Душанбе бо натиҷаи 4 бар 3 пирӯз гашта, ба марҳилаи ниманиҳоӣ роҳ ёфтанд.

Вале «Саройкамар»-и Панҷ аз рақобат бо тими мизбон - «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров даст кашид. Бинобар ин «Парвоз» ба давраи ниманиҳоӣ роҳхат гирифт.

Бад-ин тартиб дар бозиҳои ниманиҳоӣ, ки рӯзҳои 12-ум ва 16-уми сентябр баргузор мешаванд, «ХИМА» бо «Динамо» ва «Парвоз» бо «Регар» ТадАЗ рақобат мекунанд.


Ҳамзамон бозиҳои даври панҷуми мусобиқоти лигаи аввали футболи Тоҷикистон баргузор шуданд.

Дастаи «Равшан»-и Кӯлоб дар майдони худ бар тими «Рангонгаз»-и Рӯдакӣ бо натиҷаи 3 бар 1 ва «Ҳосилот»-и Фархор бар дастаи меҳмон - «Хайр-Ваҳдат»-и Ваҳдат бо натиҷаи 2 бар 0 ғалаба карданд.

«Рангонгаз» ва «Равшан» натоиҷи мушобеҳ - 10 имтиёзӣ ба даст овардаанд. Ва танҳо бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо «Рангонгаз» дар садри ҷадвал қарор гирифтааст. «Равшан» дар зинаи дуввум мебошад. «Хайр-Ваҳдат» бо 4 имтиёз дар зинаи севвум ҷойгир шудааст.


Дастаи мунтахаби наврасони футболи Тоҷикистон дар чаҳорчӯби омодагиҳо ба мусобиқоти қаҳрамонии ҷаҳон байни бозигарони то 17-сола дар шаҳри Норак бо дастаҳои лигаи олӣ се бозии контролӣ анҷом дод.

Футболбозони ҷавони тоҷик бар дастаҳои шаҳри Қӯрғонтеппа -«Тоҷиктелеком» ва «Вахш» бо натиҷаи якхелаи 2 бар 0 ва бар тими «Регар» ТадАЗ-и Турсунзода бо натиҷаи 3 бар 2 пирӯзӣ ба даст оварданд.
XS
SM
MD
LG